"Тоҷикфилм" дар бораи Саразм филми мустанад меофарад

© © фото из архива М.МамадназароваФрагмент раскопок поселения Саразм
Фрагмент раскопок поселения Саразм - Sputnik Тоҷикистон
Танзим ва банду басти филми мустанад шурӯъ гардида, қарор аст, ки он дар арафаи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба анҷом расида, пешкаши тамошобинон шавад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" дар бораи шаҳраки Саразм филми мустанад мегирад, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба муассиса.

Бино бар иттилои манбаъ, филми нав ба таҷлили 5500-солаги Саразм бахшида шудааст.

Наворбардории филми "Асрори Саразм" оғоз шудааст.

Фрагмент раскопок поселения Саразм - Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода аз шаҳраки Саразм дидан кард

Чанде пеш гурӯҳи эҷодии ин муассисаи фарҳангӣ ба сафари корию  эҷодӣ ба шаҳри Панҷакент рафт.

"Зимни сафар гурӯҳи эҷодӣ аз макони ҳафриёти Саразми бостон, осорхона ва шаҳри Панҷакенти қадимӣ  наворбардорӣ намуд. Ҳамзамон дар макони ҳафриёти Саразм гурӯҳи эҷодӣ бо якчанд олимони таърихшинос,  донишмандон ва бостоншиносон доир ба ҳафриёт ва таърихи ин макон мусоҳибаҳо анҷом дод, ки барои таҳияи филми мустанад зарур мебошанд", - менависад манбаъ.

"Доираи ҳафриёт афзоиш ёфта, аз ҷониби мутахассисон оромгоҳи Саразми бостон мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шудааст", - қайд кардааст роҳбари  гурӯҳи эҷодӣ, муовини якуми директори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" Толиб Ғайбуллозода.

Ноиби сарвазир бо омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм шинос шуд

Танзим ва банду басти филми мустанад шурӯъ гардида, қарор аст, ки он дар арафаи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба анҷом расида, пешкаши  тамошобинон шавад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала