“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

© © ТалкоНа алюминиевом заводе "Талко"
На алюминиевом заводе Талко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкат мегӯяд, дар як вазъи бесобиқа қарор дорад. Коршиносон бар инанд, ки “Талко” ба буҳронҳо одат кардааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Рӯзҳои ахир идораҳои мухталифи Тоҷикистон аз қарзҳои бузурги Ширкати алюминиуми тоҷик - “Талко” ва корхонаҳои зертобеъаш хабар доданд. 23 июл вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ эълон кард, ки “Алюминсохтмон” - корхонаи фаръии “Талко” ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз кормандонаш қарздор аст.

“399 корманд музди меҳнати худро нагирифтаанд. Мо ин корхонаро мунтазам таҳти назорат ва мониторинги қатъӣ қарор додаем. Роҳбарият ва масъулини ин ширкатро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида будем. Бо иттифоқи мақомоти прокуратура низ чораҷӯӣ кардем”, - гуфт Дӯстмурод Муродзода, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз НБО "Роғун" то "Талко": Кумитаи андоз бузургтарин қарздоронашро ном бурд

28 июл "Барқи тоҷик" хабар дод, ки ба 1 июли соли 2020 қарзи “Талко” аз ҳисоби барқ ба 415 миллион сомонӣ расидааст.

30 июл Кумитаи андози Тоҷикистон як ҳамелеро аз қарзҳои миллионӣ бар гардани “Талко” андохт. Бино ба иттилои ин ниҳод, худи ширкат 24 миллиону 612,8 ҳазор ва “духтарширкат” – ҳояш - “Алюминсохтмон” – 19 049,8, “Талко – флюорит” – 27 ва “Талко – ресурс” – 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби андозҳо қарздор шудаанд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, ки дар кул аз қарзҳои ҳангуфт ва рӯз ба рӯз афзояндаи ширкатҳову корхонаҳои бузурги Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, сабабҳои пеш омадани ин вазъ қобили дарк аст.

Талко Голд - тарҳи нодир ва бузургтарини Осиёи Марказӣ тирамоҳ ба кор медарояд

“Аз вазъе, ки дар пайи пандемия ба амал омад, вазъи молиявии корхонаҳо, ки натавонистанд дуруст фаъолият кунанд, бахусус корхонаҳои бузурги саноатӣ хароб шуд. Мо онҳоро хуб дарк мекунем”, - гуфт Нусратулло Давлатзода.

Даҳшатовар нест!

Дар ҳамин ҳол, як масъули “Талко” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид мекунад, ки ширкат қарз дорад, аммо на ба ҳадде, ки мақомот эълон доштаанд. Вай гуфт, қарзи “Алюминсохтмон” аз музди маош ба он вобаста шуд, ки мизоҷони ширкат қарзи худро пардохт накарданд, чун онҳо дар вазъи мушобеҳ қарор доранд.

“Бубинед, ин қадар сол проблемаи маош набуд. Ҳоло чаро? “Алюминсохтмон” аз сохтмонҳои шаҳри Норак бояд 2 миллион сомониашро гирад, вале он тараф ҳам ба далели пандемия қудрати пардохт надорад. Аммо мо шона холӣ накарда, маошро ҳатман пардохт мекунем”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Имзои Раҳмон барои таъсиси ширкати нав дар ТАЛКО ва тасвиби созишнома бо Чин

Мавсуф дар бораи қарзи “Талко” пеши “Барқи тоҷик” гуфт, қарз дар охири сол ҳисобӣ мешавад.

“Мо то охири сол 300 ҳазор тон ангишт ва миқдоре мазут барои марокизи гармидиҳии “Барқи тоҷик” омода мекунем. Ширкат онро мегирад, баьд ҳисобӣ мешавад. Ин кори маъмулӣ ва ҳамасола чунин аст. Охири сол қарзи мо пеши “Барқи тоҷик” пардохт мешавад ва ин дар аудити байналхалқӣ дарҷ мегардад”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Аммо қарзҳои андози “Талко” ва корхонаҳои зертобеъаш, бино ба додаҳои ин масъул, манзараи дигар дорад. Вай гуфт, дар соли 2020 аз ҳисоби андозҳо худи “Талко” – 9,6, “Алюминсохтмон – 2, “Талко флюарит” – 0,6, “Талко Кемикал” – 1,6 ва “Талко Ресурс” – 3,2 миллион сомонӣ қарз доранд, ки бо сабабҳои маълум ба таъхир уфтодаанд ва ин қарз он қадар даҳшатовар нест.

Шарҳи "Талко" дар бораи шартномаи 545- миллиона бо Чин ва ташкили корхонаи нав

“Аз аввали сол мо фақат аз истеҳсоли алюминиум ҳармоҳа аз 3,5 то 5 миллион доллар, ки фарқияти арзиши аслии истеҳсолот ва фурӯши метал дар бозор аст, зарар дида истодаем. Инчунин, таьминоти ашёи хом, ки аз хориҷ ворид мешавад ва дигар мушкилоти логистикӣ аз ҳисоби пандемия дардисарҳоеро бароямон эҷод кардаанд. Аммо мо тавонистем истеҳсолотро ҳифз кунем. Ин муҳимтар аз таъхир дар пардохти андоз аст”, - гуфт ӯ.

Зимнан, бино ба додаҳои расонаҳои хориҷӣ, “Чалко” – бузургтарин тавлидгари алюминиум дар ҷаҳон тайи ним соли равон фаъолияти 11 корхонаи худро қатъ кард. Ширкатҳои алюминиуми Ҳинд, қудрати дигари саноатӣ, рӯи ниёз ба сӯи ҳукумати худ оварда, хостори коҳиш додани қимати барқу манъи воридоти алюминиум ба кишвар шудаанд. Сабаб ҳам ин аст, ки агар арзиши 1 тон алюминиум дар бозори ҷаҳонӣ ба 1,5 ҳазор доллар поён омадааст, арзиши миёнаи аслии метал дар ин кишварҳо аз 1,7 то 1,8 ҳазор доллар аст.

Масъули “Талко” дар бораи ширкатҳои зертобеъ - “Талко Кемикал”, “Талко ресурс” ва “Талко флюарит” гуфт, онҳо фақат аз ҳисоби наомадани кормандони чинӣ фаъолияти худро ё оғоз накарданд, ё дигар мушкилоти объективӣ доранд.

“Қарзи андози онҳо ғайривоқеӣ ҳисоб шудааст. Масалан, 27 миллион сомонии “Талко Флюорит” на аз рӯи ҳаҷми истихроҷ, балки аз ҳаҷми умумӣ ҳисоб шудааст. Дар ин миён ширкат кор накард, аммо андоз ҳисоб карда шуд. Ё 13 миллион сомонии “Талко Ресурс” низ ҳамон тавр - аз рӯи бонус ҳисоб шудааст, ки воқеӣ нест. Масалан, кони ангишти “Конте” зиёда аз 300 милллион тон захира дорад. Муҷаввизи “Талко Ресурс” 10 сола аст, яьне ҳар сол бояд 30 миллион тон истихроҷ кунем ва бонус супорем, ҳол он ки истихроҷи ангишт дар тамоми Тоҷикистон солона 2 миллион тон аст, аммо андоз аз рӯи ҳамон 30 миллион тон ҳисоб карда шудааст”, - гуфт масъули “Талко”.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Фармони Раҳмон барои ҷаласаи ғайринавбатӣ: баҳси таъиноти додситони кулл ва Роғуну Талко

Пандемияи “вируси корона” ба нақшаҳои тавсеаи “Талко” низ зарба зад. Ширкат моҳи июн эълон карда буд, ки моҳҳои сентябр – октябри соли равон “духтар” – и дигараш – “Талко Голд” – ро ба саҳнаи иқтисоди кишвар хоҳад андохт. Аммо 27 июл Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар дод, ки корхонаи нав соли оянда ба кор хоҳад даромад.

Масъули “Талко” бо таъйиди ин хабар гуфт, таҷҳизоти ширкат дар марзи Чину Қирғизистон банд мондаанд ва агар тирамоҳи имсол техникаву вориди Тоҷикистон шаванд, моҳи апрели соли 2021 корхона ба истеҳсол шурӯъ хоҳад кард.

“Таҷизотҳо ғайригабарит ё фаромеъёрӣ ҳастанд ва онҳоро фақат бо мошин аз тариқи қаламрави Қирғизистон метавон овард. Аз роҳи Бадахшон ҳеҷ имкон надорад”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Гову шир

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, “Талко” як ширкатест, ки 30 сол ба ин сӯ аз буҳрон ба буҳрон кӯч мекунад ва қарзҳое, ки ҳоло сари ширкат омадаанд, фоҷиа нахоҳанд офарид. Ба қавли онҳо, соли 2005 ширкат 736 миллион доллар қарз дошт, ки гумон мерафт, ҳеҷ гоҳ ба худ нахоҳад омад.

Азизи Нақибзод, коршинос дар умури иқтисод, мегӯяд, “Талко” як ширкати сад дар сад давлатӣ аст ва ин ба он маъност, ки ҳукумат ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки он варшикаста шавад.

“Дар оморе, ки ахиран расонаӣ шуд, ин нукта ҷолиб аст, ки ин ширкат дар асл чӣ қадар ба буҷаи кишвар андоз месупорад. Ин арқомро “Талко” ҳеҷ гоҳ расонаӣ намекард ва фикр мешуд, даромадҳои он ба суратҳисобҳои номаълум мерезанд. Аммо вазъе, ки имрӯз “Талко” дорад, фақат хоси ин ширкат ё Тоҷикистон нест, балки як воқеияти ҷаҳонӣ аст”, - гуфт Азизи Нақибзод.

Баёнияи расмӣ: Чин соҳиби "Талко" намешавад

Дар як нимсолаи гузашта ҳатто дар кишварҳои қудратманде, назири Чин, Русия, Амрико, Аврупою дигарон корхонаҳо кори худро қисман ва пурра қатъ карданд. Ҳукуматҳо триллионҳо доллар барои наҷоти корхонаҳои худ мерезанд. Тоҷикистон низ бояд чунин кунад. Гов агар мурд, шир ҳам нест, афзуд вай.

Гуруҳи ширкатҳои “Талко”, ки беш аз 10 ширкати тобеъро дар атрофи сарширкат – “Талко” муттаҳид кардааст, қисман 100% ва қисме ҳам аз 50% боло моликияти давлати Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Аммо идомаи буҳрон то куҷо ин ҷамъро парешон нахоҳад кард, як суол барои фардо аст.

Лентаи хабарҳо
0