Эрон боздошти саркардаи гуруҳаки террористии Тундар дар Тоҷикистонро рад кард

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати иттилоот иддаои бархе расонаҳо дар бораи дастгирии саркардаи гуруҳаки Тундар дар Тоҷикистонро рад кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Равобити умумии Вазорати иттилооти Эрон эълом кардааст, ки ҳаргуна гумоназании матраҳшуда дар расонаҳо дар бораи наҳваи дастгирии Ҷамшеди Шормаҳд, раиси гуруҳаки террористии Тундар ва Анҷумани подшоҳии Эрон такзиб мешава, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Будничный Кабул - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадиброҳими Тоҳириёнфард: Эрон аз сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят мекунад

Вазорати иттилоот бо таъкид бар ин ки ҳаргуна иттилооти расмӣ дар бораи иқдомоти неруҳои амниятии Эрон дар қолаби баёния аз тариқи равобити умумии Вазорати иттилоот мунташир мешавад, ба иддаои бархе расонаҳо бар асоси дастгирии саркардаи гуруҳаки Тундар дар Тоҷикистон ишора ва таъкид кард: Ин хабар шадидан такзиб мешавад.

Неруҳои амниятии Эрон рӯзи шанбе аввали август сардастаи як гуруҳи террористии мустақар дар Амрико ба номи Тундар-ро дар амалиёте печида дастгир карданд.

Ҷамшеди Шормаҳд, саркардаи гуруҳи террористии Тундар, ки аз Амрико амалиёти мусаллаҳона ва харобкорона дар Эронро ҳидоят мекард, дар соли 1387 (2008) амалиёти таркиши террористӣ дар ҳусайнияи Саидушшуҳадои Шерозро тарроҳӣ ва ҳидоят кард, ки дар он, 14 нафар шаҳид ва 215 нафар аз азодорони ҳусайнӣ захмӣ шуданд.

Таркондани садди Сиванди Шероз, таркиши бомбҳои сиёнурӣ дар намоишгоҳи китоби Теҳрон ва таркондани бомб дар марқади имом Хумайнӣ (раҳ)  ҳангоми баргузории маросими умумӣ аз дигар амалиёте буд, ки ин гуруҳи террористӣ қасди анҷоми онро дошт вале бо тасаллути иттилоотии маъмурони Вазорати иттилоот ноком монд.

Лентаи хабарҳо
0