Корманди қалбакии Ожонси зидди фасод ба даст афтод: ӯ аз кормандони БДА маблағ меситонд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузаштан ба хазинаи аксРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Масъулони Идораи мубориза бо фасод дар вилояти Суғд аз ифтитоҳи парванда алайҳи як сокини шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки худро корманди ин ниҳоди давлатӣ муаррифӣ карда, аз кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) маблағ меситонидааст

ДУШАНБЕ, 3 август – Sputnik. Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, гуфт дар ҳоле нисбати Анвархӯҷа Нуриддинов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки номбурда худро корманди идораи мубориза ба коррупсия хонда, бо ҳар баҳона ба тасарруфи маблағи кормандони БДА вилояти Суғд машғул шудааст.

"Бино бар чунин кирдораш нисбати Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович бо аломати моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а” ва “в” парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст”, - гуфт сардори Раёсат.

Ба иттилоъи манбаъ, Нуриддинов Анвархӯҷа, сокини шаҳри Хуҷанд буда, феълан дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Номбурда бо истифода аз телефони мобилӣ, худро ҳамчун корманди Идораи мубориза бо коррупсия муаррифӣ карда, аз кормандони БДА маблағ меситонидааст.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои ҷавоне, ки худро корманди мақомоти зидди коррупсия гуфта, аз мақомдорон пул гирифт

Масъулони Раёсати мубориза бо коррупсия дар Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки ба ҷуз ин, як ҳолати дигари қаллобии сокини ноҳияи Айниро ошкор намудаанд, ки худро корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул талаб намудааст.

"Забирхон Ҳамзазода, сокини ноҳияи Айнӣ буда, расман дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Аммо ин шахс, худро ҳамчун корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ карда, барои гуё тезтар ҳал карда додани маблағи кредит аз як сокини Хуҷанд 4 ҳазор сомонӣ талаб намуда, қисме аз ин маблағро гирифтааст”, - гуфт Аваззода.

Зимнан нисбати ин сокини ноҳияи Айнӣ дар ду ҳолат бо моддаи моддаи 247 қисми 2 банди “в” (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ва тафтиши пешакӣ давом дорад.

Ба суол дар бораи ин, ки чаро баъзеҳо аз номи “корманд” - и идораҳои давлатӣ даст ба қаллобӣ мезананд?, "ин ба табиати инсонҳо вобаста аст ва баъзеҳо воқеан ба дуруғгӯиву дуруғмақомдорӣ одат кардаанд. Аммо умри дурӯғ кутоҳ аст ва як рӯз не як рӯз ифшо мешавад. Инсонҳо бояд дар касбу кори худ ростгуй ва дасту дили пок дошта бошанд”, - посух дод Шараф Аваззода.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала