Рушди иқтисод коҳиш ёфт: коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсир расонд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон 32,4 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 банди фоизӣ кам аст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якум нишон дод, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ низ бетаъсир намонд.

 “Дар шаш моҳи якуми соли 2020 хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз, дар ҳаҷми умумии тақрибан 2 миллиард сомонӣ коҳиш ёфт”, - афзуд Завқизода.

Вазири иқтисод зикр кард, ки дар ин давра хизматрасонии пулакӣ, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо 45,3 фоиз, тарабхонаҳо 17,3 фоиз, мусофиркашонӣ 8,7 фоиз, аз ҷумла бо нақлиёти ҳавоӣ 57,8 фоиз ва роҳи оҳан 21,4 фоиз, гардиши савдо 5,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз, аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ 26 фоиз, воридот 4 фоиз ва боркашонӣ 3,3 фоиз, бахусус бо нақлиёти ҳавоӣ 38 фоиз коҳиш ёфтанд.

Министр экономразвития и торговли Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон
Вазири иқтисод: паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё меомӯзем

Завқӣ Завқизода, илова кард, ки нархи ҷаҳонии пахта ба санаи 27 июли соли равон нисбат ба аввали сол 197 доллар ва алюминий 104 доллар паст шуд, ки ин ба ҳаҷми содирот бетаъсир намемонад.

Инчунин вай қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми воридот аз давлатҳои ҳамшарики асосии тиҷоратӣ, ба монанди Чин 18,3 фоиз, Туркия 22,2 фоиз, Япония 43 фоиз, Украина 52,3 фоиз, Эрон 11,7 фоиз кам гардид, ки сохтори онро таҷҳизоти технологӣ, ашёи хом барои саноати коркард, мошинолот ва дигар маҳсулоти зарурӣ ташкил медиҳад.

“Ҳарчанд ки пайомадҳои иқтисодии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ эҳсос мешавад, вале бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии COVID-19 силсилаи тадбирҳо роҳандозӣ гардида истодаанд”, - гуфт вазири иқтисод.

Ҳамзамон Завқӣ Завқизода, афзуд, ки оид ба пешгирӣ ва кам намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ аз 19 марти соли 2020 нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала