Собиқ вакили Маҷлиси миллӣ фарзанди ҷавони дар марз кушташударо ба тарбият гирифт

© Мэрия города ИсфарыДиректор лицея номер 1 Джамоата Вокрух Абдурахмон Шорахматов
Директор лицея номер 1 Джамоата Вокрух Абдурахмон Шорахматов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расоиддин Тешаев, сокини 37-солаи ҷамоати Ворух моҳи марти соли 2019 дар яке аз танишҳои марзӣ миёни қирғизҳову тоҷикон кушта шуда буд. Аз ӯ 3 фарзанд ятим монданд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Абдураҳмон Шораҳматов, собиқ узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, мудири Литсейи рақами 3 ҷамоати Ворух фарзанди Расоиддин Тешаев, як ҷавони дар марз кушташудаи тоҷикро ба тарбият гирифтааст.

Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Ҳамлаи мусаллаҳона ба говҳо”: ҳодисаи дигаре дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Расоиддин Тешаев, сокини 37-солаи ҷамоати Ворух моҳи марти соли 2019 дар яке аз танишҳои марзӣ миёни қирғизҳову тоҷикон кушта шуда буд. Аз ӯ 3 фарзанд ятим монданд.

"Бино бар тасмими ин марди хайрандеш фарзанди Расоиддин – Муҳаммадсаид Тешаев ба таълиму тадриси ройгон дар ин боргоҳи асили илму маърифат қабул карда шудааст", - менависад Иқбол Тешаев, хешованди ҷавони марҳум ва котиби раиси шаҳри Исфара дар саҳифаи фейсбукиаш.

Бар замми он, ки Муҳаммадсаиди бесаробонмонда то синфи 11 дар Литсейи мазкур бепул таҳсил хоҳад кард,  Шораҳматов гуфтааст, ки ҳамасола Муҳаммадсаидро аз ҳисоби шахсии худ бо сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш таъмин хоҳанд кард.

Тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ёдрас мешавем, 14 марти соли 2019 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мавзеи Меҳнатободи ҷамоати Ворух ва Оқсойи ноҳияи Ботканд танишҳои марзӣ идома ёфтанд ва дар пайи тирпарронии ҷониби Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон (ки шаҳрванди Русия низ будааст - идора), Расоиддин Тешаев кушта шуд.

Марҳум соле пеш аз ҳодиса барои хабаргирии падари 84-солааш ба Исфара баргашт. Ӯ рӯзи ҷанҷол ба муҳофизати ҳамсари бародарон ва фарзандони онҳо, ки худ дар Русия буданд, ба деҳаи Меҳнатобод меравад ва кушта мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Ду кишвар солҳои сол аст, ки наметавонанд  сари ин масъала ба тавофуқ расанд ва ба ин муноқишаҳои марзӣ хотима бахшанд. Ҷанҷолу тирандозӣ дар минтақаҳои марзӣ барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва баъзан ба хунрезӣ мубадал мегардад.

Вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ором: мақомот интизори ҷазои ҷинояткорон аст

Ёдрас мешавем, ки санаи 24-уми май дар Рӯзи Иди моҳи шарифи Рамазон дар марз тирандозие дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух сар зад, ки дар он сарбози қатории нереуҳои марзбонии Тоҷикистон Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захмӣ шуд.

Пеш аз он, рӯзи 8 май дар натиҷаи муноқиша дар Чоркӯҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0