505 сомонӣ: Ҳилоли Аҳмар ба 643 ятими пойтахт кумакпулӣ медиҳад

© Пресс-служба Посольства РТ в РФВозвращение в Таджикистан несовершенолетних сирот
Возвращение в Таджикистан несовершенолетних сирот  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иқдоми хайрхоҳонаи навбатӣ пеша намудааст, ки ба 643 ятиме, ки дар тарбияи пайвандони худ қарор доранд, кумакпулӣ ихтисос дода шавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Душанбе ба 643 ятиме, ки дар тарбияи хешовандони худ қарор доранд, кумакпулӣ дода мешавад. Иқдоми ихтисос додани кумаки молиявӣ ба ятимони кули шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба назар гирифта шудааст.

100 долларӣ сари ҳар ятим: кумаки ҳармоҳаи Ҳилоли Аҳмар ба 500 ятим дар Тоҷикистон

Ин ҷамъият дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр намудааст, ки 643 кудаки ятим аз кумакпулӣ ба миқдори 505.2 сомонӣ бархӯрдор мешаванд.

"Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб нисбати як нафар ятим дар як моҳ 180 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рўзи пардохт кумакпулӣ муқаррар карда шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, маблағи кумакпулӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ба суратҳисоби ятимон интиқол дода мешавад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо оилаҳое, ки офат онҳоро бехона гузошт, пул медиҳад

Ёдовар мешавем,  моҳи июни соли равон аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти чунин лоиҳаи сарпарастии ятимон ба роҳ монда шудааст, ки дар он 500 нафар ятимон аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаро гирифта шуда, мувофиқи он барои як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари амрикоӣ пешбинӣ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0