Отеллои тоҷик: мард ҳамсари 26-солаи худро аз рашк бӯғӣ карда кушт

© © Sputnik / Табылды КадырбековМужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 35-сола хабар доданд, ки ҳамсари ҷавони худро аз ҳисиёти рашк бӯғӣ карда ба ҳалокат расондааст

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Масъулини ВКД таъкид доштанд, ки номбурда, санаи 4-уми августи соли равон, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷавонзани 26-сола, аз ҳисиёти рашк ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки марди 35-сола баъдан, бо мақсади рӯйпуш кардани кирдорҳои ҷинояткоронаи худ, бо ресмон гардани марҳумро баста, ба сутуни хонаи истиқоматиаш овезон карда, ресмонро бурида ба наздиконаш нишон додааст, ки ҳамсараш ҷавонзани 26-сола худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.

Дар ҳоли ҳозир, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала