Супориши вазири тандурустӣ ба масъулин барои таъмини беморон бо дору

© Министерство здравоохранения РТМинистр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустии Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бегоҳии 6 август дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавирус доир гардидааст.

Пробирки с кровью для анализа на covid-19 - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

Дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир  Ғафур Муҳсинзода, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусамадзода, сардорони як зумра раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони якчанд беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Супориши Абдуллозода: чораҳои пешгирикунанда аз COVID - 19 дар Тоҷикистон пурзӯр шавад

"Дар кори ҷаласа масъалаҳои назорати қатъии беморони гирифтори COVID-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили амиқи вазъи бемории  коронавирус  дар мамлакат ва пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала