Занакҷанг: боздошти се зан барои латукӯби Саодати 23 сола соати 4-и субҳ-видео

Обуна шудан
Мақомоти пулиси пойтахт аз боздошти се зан хабар медиҳад, ки дар ташкили занозании гуруҳӣ ва латукӯби ҷавонзани дигар муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии РВКД Душанбе  боздошти занон дар пайи таҳқиқи навори дар шабакаҳои интернетӣ санаи 6 август паҳншуда сурат гирифтааст.

Задержание пранкеров в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти "пранкерон": ҳабси Шаҳриёри Давлат ва 2 ҳаммаслаконаш - видео

Манбаъ мегӯяд, дар навор лаҳзаи латукӯби як нафар ҷавонзан аз ҷониби гуруҳи 5-6 нафараи занон инъикос гардида, гуруҳи занони авбош бар замми он, ки ҷабрдидаро латукуб намуда истодаанд, боз аз дашному ҳақоратҳои қабеҳ истифода намуда, тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона дағалона вайрон ва оромии сикононро халадор намудаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, дар пайи баррасии навор Шаҳноза Ҳакимова, сокини 30-солаи ноҳияи Мӯъминобод, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буд, Дилбар Шарипова, сокини 33-солаи шаҳри Кӯлоб ва сокини шаҳри Ҳисор Садафмо Холоваи 29-сола боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 6 август тахминан соатҳои 4 ба 5-и саҳарӣ нафарони дастгиршуда ҳангоми қарор доштан дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бо маслиҳати пешакӣ аз ҳиссиёти авбошӣ ва бадбинӣ нисбат ба шаҳрванд Назирова Саодат Рустамовна 23 сола, зода ва сокини шаҳри Душанберо дар ҳайати гуруҳӣ ва ба таври ваҳшиёна мавриди латукуби шадид қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд. 

Манбаъ мегӯяд, нисбат ба се тани боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ҳамзамон ду тани дигар дар ҳолати бозпурсиянд ва гар дар ин ҳодиса шарикияшон исбот шавад, онҳо низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0