Ширин Исматуллозода боз бо дастури президент ба сафар баромад: ин дафъа ба Кӯлоб рафт

© NakibMurodovИсматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода пештар низ ба хотири шиносоӣ бо вазъи мубориза бо пандемия ба минтақаҳои Тоҷикистон сафар карда буд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ширин Исматуллозода, муовини сарвазири Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз ба сафари корӣ баромад. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" гузориш медиҳад.

Люди в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Сабти 39 мавриди тозаи сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат

"Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ ва назорати масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати беморони сирояти нави коронавирус ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ ба   шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари навбатии корӣ  баромад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ин дафъа муовини сарвазир ба шаҳри Кӯлоб сафар кардааст.

Зимни ин сафар  масоили  вобаста ба таъмини фаъолияти самараноки беморхонаҳо, муассисаи КАТС  бо иқтидори кофии кадрӣ дар реҷаи муайяншуда ташкили навбатдории шабонаи мутахассисони соҳавӣ, ҳисоботи оморӣ, дурустӣ ва саҳеҳияти пешниҳоди онҳо, доир ба раванди табобати беморони дар шуъбаҳои сироятӣ ва наҷот ва таҳти  назорати амбулаторӣ қарордошта, таъминот бо доруворӣ ва ғайра мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор мегиранд.

Ташхиси ниҳоии ихтиёриён натиҷаи хуб дод: онҳо алайҳи коронавирус масуният доранд - навор

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади аз наздик мавриди омӯзиш қарор додан ва сари вақт ҳаллу фасл намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт, аз санаи 6 августи соли 2020 дар 5 минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони дахлдори соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ оғоз гардида, назорати мунтазами кории онҳо аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат таъмин карда мешавад.

Сафари корӣ дар давоми моҳи августи соли равон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ идома дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0