Маҳви 9 шағол дар Хуҷанд: амалиёт алайҳи ҳайвонҳои ваҳшӣ идома дорад

© © pixabayШакал
Шакал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи роҳандозии амалиёт ҳайвоноти ваҳшӣ дар маҳаллаҳои аҳолиниши Хуҷанд дастикам 9 шағол нобуд карда шудааст. Мақомоти Идораи шикор мегуянд, амалиёти безарарсозӣ аз рӯбоҳу шағолҳо дар маҳаллаи Чашмаи арзанаи Хуҷанд давом дорад

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Мубин Маҳмудов, муовини раиси ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳвсозии шағолҳо кори басо душвор аст, аммо бо ин вуҷуд дар раванди амалиёт дастикам 9 шағол аз пойдарафтонда шуд.

“Тибқи мушоҳидаҳои мо шағолҳо дар маҳаллаи Чашма-2 макон гирифта буданд. Мо маҳалли зисти онҳоро муҳосира карда, то имрӯз 9 тои онҳоро маҳв кардем. Ин маҳаллаи шаҳр аз шағолҳо тоза шуд ва мардум аз ҳамла ба ҳайвоноти хонагиашон хотирҷамъ шуданд. Ҳоло мо дар маҳаллаи Чашма-1 кор бурда, шому саҳар поида истодаем, ки оё шағолҳо ба ин ҷо меоянд, ё не. Дар қисмати шарқии ин маҳалла ду шағолро мушоҳида кардем, онҳо сояи моро дида фирор карданд. Ин, ки минбаъд ба маҳалла оянд, онҳоро маҳв мекунем”, гуфт Маҳмудов.

Мақомот дар ҳоле даст ба амалиёти рӯбоҳу шағолҳо заданд, ки ахиран дар моҳи июни соли ҷорӣ сокинони маҳаллаи Чашма-2 и Хуҷанд аз ҳуҷуми афзояндаи ин намуд ҳайвоноти ваҳшӣ ба мурғу гурба ва дигар ҳайвоноти хонагии худ иброз намуданд.

Лиса в городе-призраке Припять  - Sputnik Тоҷикистон
Се шағол маҳв шуда, чанд тои дигар фирор кард: амалиёт алайҳи ҳайвоноти ваҳшӣ дар Хуҷанд

Сокинон бо нигаронӣ аз кушта шудани ҳудуди 90 сар мурғу чорвои хонагии худ аз ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ хабар дода, аз мақомот тақозо намуданд, ки аз вуруди шағолҳо ба маҳалла пешгирии амалӣ сурат бигирад, вагарна хавфи расидани зарар аз ин ҳайвонҳои ваҳшӣ ба кӯдакони хурдсол эҳтимол дошта метавонад.

Масъулони Идораи шикор дар Суғд, дар пайи ин муроҷиатномаи сокинони Чашмаи арзана, миёнаҳои моҳи июн ҷаласа ороста дар он роҳандозии амалиёт алайҳи несту нобуд кардани шағолҳоро матраҳ карданд.

Он замон қарори амалиёт содир шуд ва бо ҷудо намудани 300 сомонӣ маблағ ва 30 дона тири милтиқи шикорӣ таҳти роҳбарии муовини ин ниҳод Мубин Маҳмудов кори маҳвсозии шағолҳо дар Чашмаи арзанаи Хуҷанд шурӯъ гардид.

Мубин Маҳмудов гуфт, бо маҳв кардани 9 шағол ҳоло дигар сокинон дар Чашмаи арзана аз нағмаю ҳамлаи шағолҳо фориғ шудаанд ва қарор аст то охирҳои ҳафтаи равон аз кори ду моҳаи худ натиҷагирӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0