Дар Лахш дучархарони 14 - сола ба рӯди Қизилсӯ сарозер шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дучархарони 14 - сола дар Лахш ба дарёи Қизилсӯ сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 10 - уми август, тахминан соати 13:00 дақиқа рух додааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сокини 14-солаи деҳаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш  бо дучарха дар поёнии деҳаи Қарасой ба дарёи Қизилсӯ сарозер шудааст.

Яке худкушӣ карду дигаре аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд: фавти бону дар Язгулому ҷавон дар Рашт

Гуфта мешавад, аз сабабе ки дар гирду атрофи ӯ касе қарор надошт, аз ин рӯ ғарқи об шудаву ҷон бохтааст.

Зимнан, наҷотбахшон ҷасади ӯро аз мавзеъи "Мирзоқиштов" ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш пайдо карданд ва ба волидонаш супурданд.

Кумитаи таъйид намудааст, ки ҷавон аз беэҳтиётӣ ғарқи дарё шуд.

Лентаи хабарҳо
0