"Диққат!": БДА дар ҷумҳурӣ рейди "Бачаҳо" мегузаронад

© Sputnik / Стас ЭтвешСотрудник милиции в Таджикистане
Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Мақсад аз гузаронидани ин амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва тарғиби риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз доир гардидани амалиёти "Бачаҳо" аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ин ниҳод хабар медиҳад.

Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон
Ба мактаб аз 17 август: шарҳи вазорат аз фармоиши махсуси вазири маориф
Манбаъ менависад, ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мерасонад, ки аз 17 то 26 августи соли ҷорӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ амалиёти "Бачаҳо" гузаронида мешавад.

"Мақсад аз гузаронидани ин амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва тарғиби риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад", - тавзеҳ медиҳад ВКД.

Аз 17 августи соли ҷорӣ дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ дарс оғоз мегардад ва дар кӯчаву роҳҳо гаштугузори кӯдакону наврасон зиёд мегардад ва нисбати кӯдакону наврасон боэҳтиёт бошед.

Ҳалокати кӯдаки 6- сола дар садама

"Муҳтарам падару модарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ. Ба кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракат дар роҳро фаҳмонида, риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро аз онҳо талаб намоед. Шаҳрвандони азиз. Кудакону наврасонро дар роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоред, ҳаёт ва сломатии онҳоро ҳифз намоед", - дархост мекунад Раёсати БДА.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала