Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Қатъномаи зидди эронии Амрико дар Шӯрои амният шикаст хурд

© Пресс-служба МИД РТНа заседании Совета Безопасности ООН
На заседании Совета Безопасности ООН - Sputnik Тоҷикистон
Қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди мамнуъияти силоҳии Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони миллали муттаҳид шикаст хӯрд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Амрико, ки дар мухолифат бо поён ёфтани таҳримҳои таслиҳотии Эрон қатъномае ба Шӯрои амнияти Созмони миллали муттаҳид ироа карда буданд, натавонистанд аъзои ин шӯроро бо худ ҳамроҳ кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Котиби давлатии Амрико Русия “барои алоқа бо Толибон” таҳдид кард. Русия талаби далел дорад - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Таҳдиди навбатии Амрико ба Русия: Помпео ваъда дод, Маскав ҷазоӣ сахт мегирад

Ба мӯҷиби қатъномаи 2231, ки дар пайи тавофуқи ҳастаӣ ба тасвиби Шӯрои Амният расид, мамнуъияти таслиҳотии Эрон пас аз 13 сол дар октябри имсол ба поён мерасад; аз ин рӯ амрикоиҳо ибтидо қатъномаи бисёр сахтгиронае шомили 15 банди муқаддамотӣ ва 35 банди амалиётӣ ироа доданд.

Бо мушаххас шудани мухолифати ҷиддии кишварҳо бо ин қатънома, ки ба навъе эъломи ҷанг бо Эрон маҳсуб мешуд, амрикоиҳо рӯзи сешанбе қатъномаи худро ислоҳ ва онро ба ду банди муқаддамотӣ ва ду банди амалиётӣ маҳдуд карданд.

Бо ин ҳол дар раъйгирӣ ба қатъномаи пешниҳодии Амрико, ки аз соати 17:30 панҷшанбе ба муддати 24 соат оғоз шуд, Русия ва Чин ошкоро бо он мухолифат карданд, Аврупоииҳо ва ғайримуттаъаҳидҳо ҳам ба он раъйи  бетарафона доданд ва ба ин тартиб  Амрико таъми талхи шикасти дипломатӣ дар баробари Эронро бори дигар чашид.

Қатъномаи зиддиэронии Амрико бо 11 раъйи бетарафона, ду мухолиф ва ду мувофиқ, ки яке Амрико буд, шикаст хӯрд.

82 рӯз монда ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, Трамп, ки ду сол қабл кишварашро аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ кард, акнун мехоҳад бо тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон бахти худро барои пирӯзӣ дар интихоботи моҳи ноябр афзоиш диҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала