Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз бемории коронавирус бо имомхатибон ва ходимони дини шаҳр мулоқот анҷом дода, таъкид кардаанд, ки ҳангоми адои намозҳои ҷаноза эҳтиёт ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории “Covid-19” бо мақсади ҷилавгирӣ аз мавҷи дуюми ин вирус бо имомхатибон ва ходимони дини шаҳр таъкид шудааст, ки мутаассифона вақтҳои охир ҳангоми адо намудани намози ҷаноза талаботи дастурамали “Тартиби дафни бандаи муъмин”, ки аз ҷониби Маркази исломии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, сарфи назар карда мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Сотрудник милиции проверяет документы у водителя маршрутки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятиро ҷарима мекунад?

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Хуҷанд намозҳои ҷаноза мисли пештара бо шумораи зиёди одамон, бе риояи қоидаҳои беҳдошт, бидуни пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ ва масофагирии ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд.

Гуфта шудааст, ки ин ҳолат хатари воқеии сироят ба бемории COVID-19-ро дучанду даҳчанд менамояд. Бо иштирок дар чунин ибодатҳо ҳар кас худ, хешу табор ва атрофиёнро зери хатари ҷиддии сироятёбӣ қарор медиҳад, ки чунин рафтор аз лиҳози дини ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ қатъиян маҳкум мегардад. Аз чунин амали хатарзо ягон гуна савоб ҳосил намешавад, балки ин гуна ашхос муртакиби гуноҳ мегарданд.

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раиси Шўрои уламои дини вилоят, сархатиби Масҷиди Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд дар ин ҷаласа аз ҷумла афзуд, ки зимни мулоқот бо мардум ҷиҳати эмин нигоҳ доштани мардум аз сирояти бемории COVID-19 қотеона тақозо менамоем, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи камтарини хешу таборони наздики майит, бо риояи қатъии дастурамали “Тартиби дафни бандаи муъмин” анҷом дода шавад.

“Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пӯшанд. Намозҳои ҷаноза танҳо аз ҷониби мутасаддиён – имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта ва шахсоне, ки ба ин кор муваззаф шудаанд, хонда мешаванд”, гуфт Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода.

Дар ҳамин ҳол вай зикр кард, ки Таҳмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд афзуд, ки ягона роҳи асосии сироят наёфтан ба бемории короновирус эҳтиёткориро пеша намудан аст. Зеро, омили асосии паҳн гаштани ин беморӣ дар миёни ҷомеа сироятёбӣ аз шахси мубталои беморӣ ба инсони солим мебошад.

Микрофотография частиц коронавируса в клетке зараженного человека - Sputnik Тоҷикистон
Нашри "Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё КОВИД-2019" аз ҷониби олимони Чин дар Суғд

Тахмина Усмонова изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, айни ҳол на ҳама сокинони шаҳр чунин талаботи ҳатмиро риоя мекунанд.

“Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо аксар вақт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ба назар мерасад, ки аз беэҳтиётӣ ва нописандӣ дарак медиҳад. Ҳолатҳои бениқоб равуо намудани мардум бе риояи фосилаи муқарраргардида дар кӯчаву хиёбон, бозорҳо, назди банкоматҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мушоҳида мешавад”, гуфт ӯ.

Лентаи хабарҳо
0