Ду садамаи маргбор: шахсияти як нафари фавтида то ҳол муайян нашудааст

© SputnikРазбитое стекло автомобиля, архивное фото
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сар задани ду садамаи маргбор дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод. Дар ин садамаҳо ду нафар ба ҳалокат расидааст, ки шахсияти як нафари он то ҳол маълум нашудааст

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон  санаи 15-уми августи соли равон, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Негматов Муҳамадҷон, соли таваллудаш 1953, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кушониён аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ҷинсаш марди тахминан 45-50 соларо пахш намудааст.

Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: дар роҳҳои кишвар дар ду рӯз чаҳор садамаи маргбор сурат гирифт

ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои гуногунӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта шудааст, ки барои муайян намудани шахсияти ҷасад чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Инчунин бар иттилои манбаъ, санаи 15-уми августи соли равон, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Чаққонов Самрат Рӯзимуродович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Ёрӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа намудааст.

“Дар натиҷа, мусофири дар дохили автомашина буда Чаққонов Ҳусейнбой Рӯзимуродович, соли таваллудаш 1998, ҷароҳатҳои вазнини ҷимонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - қайд кардааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Инчунин, манбаъ зикр кардааст, ки мусофирони дигари дохили автомашинаи мазкур Ҷамилова Кимиё Ҳакимовна, Чақконова Сулҳия Рӯзимуродовна,  ноболиғ Самияи Рӯзимурод, ва хурдсол Сафарзода Абдураҳмон, сокинони ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала