Эмомалӣ Раҳмон: ҷавонони имрӯзаи кишвар бояд аз гузашта сабақ омӯзанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ба истифода додани мактаби нав дар шаҳри Душанбе қайд кард, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи кишвар бояд аз гузашта сабақ омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар мамлакат талош намоянд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар маросими ифтитоҳи мактаби нав аз таъсири пандемияи короновирус, тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба пешгирии паҳншавии ин беморӣ, иқдомҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, ибрози андеша кард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар бораи як бадбахтӣ: “Агар сулҳу оромӣ намебуд...”

Раисҷумҳур таъкид кард, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим, дар кишвар бунёди даҳҳо муассисаи таълимӣ идома дорад.

“Насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи кишвар бояд аз гузашта сабақ омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар мамлакат талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевосита гузоранд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон устодону омӯзгоронро вазифадор кард, ки якҷо бо падару модарон насли наврасро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлол омода созанд.

“Мо солҳои 2020 — 2040-ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор намудем, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд”, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар дар замони истиқлоли давлатӣ шаклҳои нави муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ гардида, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби Президентӣ бо фарогирии қариб 8 ҳазор хонанда, 75 гимназия барои зиёда аз 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей барои 36 ҳазор шогирд таъсис дода шуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур ва раиси шаҳр чанд иншооти навро ифтитоҳ карданд

Айни ҳол шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мамлакат ба 75 ва шумораи шогирдони онҳо қариб ба 90 ҳазор нафар расидааст, ки аз онҳо 32 муассиса дар замони истиқлол ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 40 расидаанд, ки ҳоло дар онҳо беш аз 227 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, шумораи хатмкунандагони замони истиқлол беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Инчунин зиёда аз 35 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил карда истодаанд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид дошт, ки аз 1332 мактабу муассисаҳои томактабии ба нақша гирифташуда то моҳи августи соли 2020-ум 367 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 кӯдакистон ба истифода супорида шудааст, ки аз ин шумора 135 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 21 кӯдакистон аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯсти кишвар бунёд гардидааст.

Дар кишвар танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 муассисаи томактабӣ ва 37 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода супорида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала