Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
https://sputnik-tj.com/20200817/Ronandai-firorie-ki-sababi-margi-chahor-nafar-gardid-bozdosht-shud--1031748611.html
Ронандаи фирорие, ки сабаби марги чаҳор нафар гардид, боздошт шуд
Ронандаи фирорие, ки сабаби марги чаҳор нафар гардид, боздошт шуд
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ронандаи 32-сола, ки чаҳор пиёдагардро пахш намуда, сипас аз ҷои ҳодиса ёрӣ нарасонда фирор кардааст... 17.08.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-08-17T17:32+0500
2020-08-17T17:32+0500
2020-08-17T20:03+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031748553_0:0:1019:576_1920x0_80_0_0_f2e31b666c2db036fd66d19b2d629c47.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031748553_30:0:946:576_1920x0_80_0_0_f6c66b9f8d6b1fead0c0fa447490cd87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ёрӣ, вазорати умури дохилаи тоҷикистон, рӯйдодҳо, ахбори ширкатҳо, дар тоҷикистон
Ронандаи фирорие, ки сабаби марги чаҳор нафар гардид, боздошт шуд
17:32 17.08.2020 (Навсозишуда: 20:03 17.08.2020) Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ронандаи 32-сола, ки чаҳор пиёдагардро пахш намуда, сипас аз ҷои ҳодиса ёрӣ нарасонда фирор кардааст, боздошт шуд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи мудҳиш санаи 6-уми августи соли равон, тахминан соатҳои 19:50-дақиқа, дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон сурат гирифтааст.
ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки Менглиев Журабек, соли таваллудаш 1988, ҳангоми харакат дар ҳудуди роҳи автомобилгарди маҳаллаи аҳолинишини деҳаи Чинор, ҷамоати деҳоти Холматов, дар ҳолати мастӣ бо автомашинаи “Опел-Астра”, суръати ҳаракати воситаи нақлиётро аз меъёри муқарраргардида зиёд намуда, бо қисми пеши автомобил сараввал ба як сар чорвои калони шохдор бармехӯрад, ва пас аз бархӯрд ба қисмати канори рости роҳ баромада, чор нафар аз пиёдагардон, сокинони деҳаи Чинорро бо қисми пеши автомобилаш зада пахш менамояд.
Гуфта шудааст, ки ин нафарон бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Дар ҳамин ҳол, ронанда Менглиев Журабек баъди рух додани садамаи нақлётии марговар нақлиёташро партофта ва ба ҷароҳатгирифтагон ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
ВУД Қайд кардааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур барои муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони ШВКД корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритуз як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд.
“Дар натиҷа гумонбаршуда боздошт ва нисбаташ дар Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 212 қисми 5 ва 127 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуд”, - зикр намудаст ВУД.
Инчунин манбаъ таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон тафтишоти ин ҳодисаро идома доранд.