Фоҷиа дар ноҳияи Ҷомӣ: марги чор сокин баъди баргаштан аз ҷаноза

© Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи мудҳиши нақлиётӣ хабар дод, ки дар натиҷа 4 сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Нафарони ҳалокшуда мусофирони автомашинаи тамғаи "ЗИЛ-ММЗ-554" будаанд, ки аз ҷанозаи ҳамдеҳаи худ бармегаштанд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 17 - уми август, тахминан соати 09:00 дақиқа рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "ЗИЛ-ММЗ-554", Раҷабзода Асҳобиддини 24 - сола, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада худравашро чаппа намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Номбурда, ки низ сокини ҷамоати деҳоти К.Ғиёсови ноҳияи А.Ҷомӣ мебошад, аснои баргаштан аз оромгоҳи деҳаи Бӯстон ба самти деҳаи Навдӣ, автомашинаро ба чуқурии 16 - метрӣ чаппа кард.

Новая эстакада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

Дар натиҷа мусофирони дохили бордони автомашина, ноболиғ Ёқубзода Шамсиддини 17 - сола, Абдуалимов Шамсиддини 19 - сола, Нуриддинов Расулҷони 37 - сола ва Каримов Содиқи 47 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти К.Ғиёсови ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Ҳамчунин чандин мусофири дигар, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0