Раҳмон ба 53 қаҳрамони мубориза бо коронавирус мукофоти давлатӣ дод

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонТақдими мукофоти давлатӣ ба кормандони тандурустӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Тақдими мукофоти давлатӣ ба кормандони тандурустӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармон 53 корманди соҳаи тандурустиро барои фаъолияти фидокорона бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки дар рӯзҳои душвори паҳншавии пандемияи короновирус ба касби худ садоқат нишон доданд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонд, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Як тоҷикистонии дигар аз COVID-19 фавтид: омори нави Вазорати тандурустӣ

Бо фармони президент мукофотҳои давлатӣ ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақдим шудаанд.

“Аз ҷумла Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 Медали Хизмати шоиста, 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд”, - хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Дафтари матбуот афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳоро шахсан ба кормандон тақдим карда, ба онҳо саломатию сарбаландӣ ва дар оянда низ адои хизмати софдилона ба халқу Ватанро орзу намуд.

Дар охири чорабинӣ раисиҷумҳур бо боварӣ изҳор доштаст, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хешро ҳимоя менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала