Русия ва Чин аз доллар рӯй гардонданд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкТабло с символикой доллара на обменном пункте
Табло с символикой доллара на обменном пункте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иқтисоддонҳо мегӯянд, Русия ва Чин азми ташкили эътилофи молиявиеро доранд, ки барои пули амрикоӣ дар он ҷой нахоҳад буд, чун амалиёти тиҷорӣ бо асъори миллӣ сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Наталя Дембинская. Маскав ва Пекин азм доранд, ки аз пули амрикоӣ даст кашанд. Саҳми доллар дар тиҷорат миёни Русия ва Чин дар сатҳи пасттарин ва додугирифт бо асъори миллӣ дар сатҳи баландтарин қарор дорад. Иқтисоддонҳо муътақиданд, ки дар ниҳоят “эътилофи молиявие” ташкил хоҳад шуд, ки барои асъори амрикоӣ дар он ҷой нахоҳад буд. Зиёда аз ин сармоядорон низ захираҳояшонро аз доллар ба тилло гузаронда истодаанд.

Евро ва юан: чораҳо барои канорагирӣ аз доллар

Дар нимсолаи аввали соли равон ҳиссаи доллар дар амалиёти тиҷорӣ миёни Русия ва Чин бори аввал дар таърих аз 50 дарсад поин рафта, ба 46 фоиз баробар шуд. Ба евро 30% ва ба асъори миллӣ — рубл ва юан — 24% рост меояд. Ин ҷаҳиш — ҷузъе аз стратегияи кам кардани ҳиссаи доллар дар иқтисодиёти Русия ва зиёд намудани устуворӣ дар баробари таҳдиди таҳримҳои нави ИМА мебошад.

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин ба Дума лоиҳаи тасвиби созишномаи нафақа дар Иттиҳоди АвруОсиёро муаррифӣ кард

Солҳои охир Маскав ва Пекин қадам ба қадам долларро аз тиҷорати дуҷонибаашон истисно мекунанд. Ҳанӯз соли 2014 ҷонибҳо созишномаи сесолаи своп ба маблағи 150 миллиард юан, муодили 24,5 миллиард доллар бастанд, ки имкони дастрасӣ ба асъори миллиро бидуни зарурати харид дар бозори озод, фароҳам мекунад.

Соли 2015 қариб 90 дарсади амалиёт бо доллар сурат мегирифтанд. Аммо дар соли 2019 ин нишондод ба 51% баробар шуд. Абарширкати нафтии Русия, “Роснафт” созишномаҳои содиротии худро ба евро гузаронд.

Ба таъкиди Nikkei Asian Review, азми Русия ва Чин барои дасткашӣ аз доллар ба лаҳзаи калидӣ наздик омадааст, ки имкон медиҳад, “эътилофи молиявӣ” бидуни иштироки пули амрикоӣ ташкил карда шавад.

Кори беисти дастоҳи чопи доллар чӣ пайомад дорад?

Талоши Русия ва Чин, яке аз омилҳои калидии коҳиши талабот ба доллар мебошад, аммо ягона нест. Тавре бонкҳои пешоҳанги сармоягузорӣ таъкид мекунанд, чоҳ барои асъори амрикоиро Хадамоти захиравии федералӣ меканад.
Барои дастгирии иқтисодиёт ин ниҳоди танзимкунанда меъёри бозтамвилро ба нол баробар карда, дастгоҳи чопиро ба кор даровард. Аз оғози буҳрони каронавирус Хадамоти захиравии федералӣ қариб 6 триллион долларро вориди бозор кард. Молияшиносон мегӯянд, ин озмоиши таърихист, ки дастгоҳи чопӣ бе ист кор карда, кишварро бебунёд бо пули нақд таъмин мекунад. Ин оҳиста-оҳиста долларро мекушад.

Пленарное заседание Госдумы РФ - Sputnik Тоҷикистон
"Бе ягон ҷумҳурӣ": Жириновский гуфт ҳудуди ИҶШС бозгардонида шавад

Шохиси пули амрикоӣ бемайлон коҳиш ёфта, даромаднокии коғазҳои қиматноки давлатӣ поин рафта истодааст. Аз моҳи апрел доллар дар қиёс бо 6 асъори асосӣ 10 дарсад поин рафт. Бори охир доллар то чунин нишондод моҳи майи соли 2018 поин рафта буд.

Яке аз бузургтарин бонкҳои Goldman Sachs ҳисоб кард, ки дастгоҳи чопӣ тавозуни Хадамоти федералиро ба андозаи 2,8 триллион расонд. Сармоядорон дороияшонро аз аз доллар гирифта, ба тилло мегузаронанд. Ин ҳама дар пасманзари меъёрҳои пасти коғазҳои қиматноки давлатӣ сурат мегирад.

“Хадамоти федералии захиравӣ беш аз 4 триллион долларро чоп кард, ки ин дар қиёс ба нишондоди 11 соли гузашта, бештар мебошад. Асъори бидуни таъминотро ба фурӯш гузоштаанд, ки дар натиҷа доллар ба поин меравад”, - изҳор дошт коршинос ва сармоягузор Ян Марчинский.

Беқурбшавӣ ба андозаи сеяк

Дар бораи хатарҳо Сандуқи байналмилалии асъор низ дар гузориши моҳи августӣ ҳушдор дод. Триллионҳо доллари чопшуда барои мубориза бо буҳрон ва меъёрҳои аз ҳад паст ба захираҳои пулӣ таъсири манфӣ доранд. Сармоядорон мегурезанд.

Мигранты на границе Казахстана - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон бо кумаки Подшоҳии Норвегия сурат гирифт

Ба гуфтаи собиқ ноиби ХБА, Жу Мина, бастаи нави дастгириҳои молиявӣ аз конгрес ба андозаи ҳадди ақал 1 триллион доллар, метавонад бебандуборие ба вуҷуд орад.

“На барои он ки қурби доллар мунтазам ба андозаи 30 дарсад поин меравад, ташвиш бояд кашид,  балки ҳодисаи яквақтаина, таркише ба вуҷуд меояд, ба таври ногаҳонӣ долларро аз эътимоди сармоядорон маҳрум мекунад”, - гуфт Жу Мин.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин “таркиш” дар сурате метавонад рух диҳад, ки ширкатҳои бузург зери бори қарзҳо муфлис шаванд. Дар пайи буҳрони молиявии соли 2008 бахши корпоративӣ осебпазиртар шуд ва дар ҳамин ҳол меъёрҳои паст ба онҳо имкон доданд, ки якбора қарзгириро зиёд кунанд.

Президент Дональд Трамп (слева) и президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Трамп хостори мулоқот бо Путин шудааст

Инчунин иқтисоди амрикоӣ зери қарзи 26-триллионии ҳукумати федералӣ мондааст, ки ба гузориши UBS-и Швейтсария, ин ҳама дар ниҳоят ба доллар зарба мезанад.

“Дар дурнамои дарозмуддат афзоиши қарзи давлатӣ ба эҳтимоли зиёд ба асъори амрикоӣ таъсир хоҳад гузошт”, - гуфт Томас Флурӣ, стратеги  UBS Wealth Management.

Доллар ҳанӯз ҳам аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор аст, аммо давраи доллар ҳам дар ҳоли анҷомёбист, изҳор дошт Стивен Роуч, собиқ роҳбари бахши осиёии бонки сармоягузории Morgan Stanley.  Ӯ пешгӯӣ мекунад, ки соли 2021 қурби доллари амрикоӣ метавонад ба андозаи сеяк поин равад. Ин натиҷаи коҳиши якбораи захираҳои аҳолӣ ва афзоиши қарзи давлатӣ дар пасманзари беруншавии муваффақи шарикони асосии тиҷории ИМА аз буҳрон хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0