Сокини Роштқалъа ба қасди худкушӣ худро ғарқи рӯди Шоҳдара кард: ҷасадашро наёфтанд

© Sputnik / Валерий ЯрмоленкоГраница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж, архивное фото
Граница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сабаби даст ба худкушӣ задани сокини 50 - солаи ноҳияи Роштқалъа маълум нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ идома дорад

ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз як ҳодисаи нохуш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Женщина с тремья детьми бросилась в воду - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа дар Ғарм: модари ҷавон бо се фарзандаш худро ба дарё андохт

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Ротштқалъаи ин вилоят, сокини 50 - сола худро ғарқи рӯди Шоҳдара намудааст.

Зикр мегардад, ки номбурда бегоҳи рӯзи 17 - уми август, ба қасди худкушӣ кардан, худро ба дарё ҳаво додаст.

Кумита таъкид мекунад, ки ҷустуҷӯи ҷасади ӯ дирӯз бенатиҷа анҷом ёфт, ва субҳи рӯзи 18 - уми август, наҷотбахшон боз ба идомаи корҳои ҷустуҷӯӣ баромаданд.

Заврақи худсохти марговар: чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд

Гузашта аз ин, дар ноҳияи Варзоб ҷасади сокини 17 - сола пайдо шуд. Марҳум рӯзи 17 - уми август, аснои оббозӣ кардан дар дарёи Варзоб ғарқ шуд.

Ҷасади ӯро сокинони ноҳия 20 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим намуданд.

Сабаби марги ӯ беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала