Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикисана в Бохтаре Хатлонской области
Президент Таджикисана в Бохтаре Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон, барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар Тоҷикистон чӣ қадар табиб намерасад

Гуфта шудааст, ки дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз раисҷумҳурро роҳбарият ва фаъолони вилоят истиқбол гирифтанд.

Манбаъ қайд кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Вишхарв Корхонаи “Карон-калсит”-ро ифтитоҳ кард.

Сипас ӯ бо хатҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои корӣ дар коргоҳи нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ додааст, ки “Карон-калсит” имконият дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки микрокалсит дар саноат ба таври васеъ истифода гардида, барои истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳҳо, масолеҳи сохтмониву ашёи рӯзғор, техникаву технологияи гуногун ва маҳсулоти кимиёвӣ илова карда мешавад.

Гуфта шудааст, ки маҳсулоти корхонаи мазкур  дар саросари ҷаҳон серхаридор буда, ин корхона имконият дорад, ки пурра талаботи соҳаи саноати Тоҷикистонро бо микрокалсити гуногунҳаҷм қонеъ карда, ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот низ дар бозорҳо рақобат намояд.

Лентаи хабарҳо
0