Ҷустуҷӯи ҷасади зани 71 - сола дар Бадахшон идома дорад: бемори рӯҳӣ буд

© © Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксТаджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа.
Таджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа. - Sputnik Тоҷикистон
Ба изҳори пайвандони зани бедаракшуда, ӯ бемории рӯҳӣ доштааст ва ба эҳтимоли зиёд худро ғарқи рӯди Ғунд намуд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз бедарак шудани зани 71 - сола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад. Номбурда сокини деҳаи Боғеви ин вилоят мебошад, ки рӯзи 22 - юми август аз хона баромада бедарак шудаст.

Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Манбаъ аз қавли пайвандонаш мегӯяд, зан бемори рӯҳӣ буда, ба эҳтимоли зиёд худро ғарқи дарёи Ғунд намуд.

Дар ҳамин ҳол, КҲФ мегӯяд ҷустуҷӯи ҷасади зани 71 - сола дар ду рӯзи ахир натиҷа надодааст ва ҳоло ҳам наҷотбахшон барои пайдо намудани ҷасади ӯ, корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.

Заврақи худсохти марговар: чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд

Зимнан, котиботи кумитаи мазкур хабар медиҳад, ки шоми рӯзи 23 - юми август аз соҳили дарёи Зарафшон ҷасади зани 26 - соларо пайдо шуд, ки марҳум ҳанӯз аз 18 - уми ин моҳ бедарак буд.

Иллати марги ӯ то ҳол номаълум аст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани сабаби марги зани 26 - сола, тафтишот мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала