Ҳалокати ду мусофир дар ду садамаи мудҳиш дар роҳҳои Тоҷикистон

© ОтырарАвария в Туркестанской области
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани ду садамаи мадҳуш дар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки боиси марги ду шаҳрванд гардидааст хабар додааст

ДУШАНБЕ, 25 авг— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, як садама санаи 24 августи соли равон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон рух додааст.

Новая эстакада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

Гуфта шудааст, ки ронандаи автомашинаи  “Лада-Ларгус”, Ниязов Муҳаммади Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ба қисмати тарафи рости автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” - и сокини ҷамоати шаҳраки Оби-киик, ки дар байни роҳ истода буд, бархӯрда ба чуқурии тарафи рости роҳ чаппа шудааст.

ВУД Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Лада-Ларгус” Асланов Додоҷон, соли таваллудаш 1943, сокини шаҳри Бохтар, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин як ҳодисаи мадҳуш дар санаи 24-уми августи соли равон,  дар роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд-Конибодом” рух додааст.

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холов Абдусалом, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд-Конибодом”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Лендкрузер” бархӯрдааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абраева Бибисоро Эргашевна, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Гуфта шудааст, ки худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Холов А.Т. ва дигар мусофиронаш Иброимова Қизларгун Шомуратовна, соли таваллудаш 1961, Ахмедова Бозорой Қарҷоновна, соли таваллудаш 1967, сокинони ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0