Қирғизистон аз Тоҷиккистон чӣ мехоҳад?: миёни ду кишвар боз масоили марзӣ баррасӣ шуд

© Пресс-служба правительства Кыргызской республикиЗаместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зимни суҳбати телефонӣ ҷонибҳо муовини Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 25 авг— Sputnik. Бо ташаббуси муовини Сарвазири Тоҷикистон байни ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба — муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини сарвазири Қирғизистон Акрам Мадумаров суҳбати телефонӣ доир гардид, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонд

Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо як қатор масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро баррасӣ карданд.

“Дар рафти он, муҳимияти дар асоси муқаррароти созишномаҳо ва протоколҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ пайваста татбиқ намудани як қатор чорабиниҳо, аз қабили гузаронидани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, то пурра дар асоси қонун ба расмият даровардани хати сарҳади давлатӣ, зикр карда шуд”, -таъкид доштааст манбаъ.

Инчунин, гуфта шудааст, ки ба муҳимияти риояи муқаррароти дахлдори Созишнома байни кишварҳои Осиёи Марказӣ “Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии муштарак ва ҳифзи захираҳои обии манбаъҳои байнидавлатӣ” ва пешгирии амалҳои яктарафа, ки ба манфиати ҷонибҳо таъсир мерасонанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи зарурати фаъол сохтани кори Комиссия оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ибрози назар карда, омодагии худро ҷиҳати пешбурди гуфтушунидҳои созанда оид ба ҳалли масъалаҳои сарҳади давлатӣ дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои ҳамҷавори дӯстонаву ҳамкории ду кишвар изҳор доштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала