Сареътарин марди дунё гирифтори коронавирус шуд

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкУсэйн Болт (Ямайка), архивное фото
Усэйн Болт (Ямайка), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсин Болт, ки унвони сареътарин давандаи ҷаҳонро дорад ба КОВИД-19 мубтало шудааст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Юсин Болт давандаи бознишастаи  ҷамайкаӣ ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба муносибати 34 солагиаш ҷашни таваллуди муфассале гирифт, ки тақрибан ҳеҷ кас дар он аз ниқоби тиббӣ истифода намекард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Бино бар иттилои манбаъ, Юсин Болт ба далели сафар тести КОВИД-19 дод, ки натиҷаи он мусбат эълом шуд.

Ӯ акнун дар хонааш ба сар мебарад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кардааст, ки ба рағми надоштани ҳеҷ як аз нишонаҳои танаффусии КОВИД-19 худро карантин кардааст.

Болт рекорддори давҳои 100 метр ва 200 метр дар ҷаҳон аст.

Вай дар 3 олемпики пайёпайи 2008, 2012 ва 2018 дар ҳар ду моддаи 10 метр ва 200 метр ба медали тилло даст ёфт.

Лентаи хабарҳо
0