Эмомалӣ Раҳмон Убайдуллоевро  бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон қадрдонӣ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон вручил госнаграду Махмадсаиду Убайдуллоеву
Рахмон вручил госнаграду Махмадсаиду Убайдуллоеву - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар душанбе ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, маросими ҷоизасупорӣ имрӯз дар Қасри Миллат,  ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди шиноснома дар нуқтаи овоздиҳӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон номзад ба президентӣ ва Файзизода раиси нави иттифоқҳои касаба шуд

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлол шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.

Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, 70 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, аз ҷониби президент бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гаштаанд.

“Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистион Маҳмадсаид Убайдуллоев бо  ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд” афзудааст манбаъ.

Дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла адибон, омӯзгорон, табибон, аҳли фарҳангу санъат, кишоварзон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон буданд, мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад 1 нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 нафар унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 2 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 36 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020 ва 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 сарфароз карда шудаанд, афзудааст котиботи президент.

Дар маросими мукофотсупорӣ як гуруҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 гардидаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла ба олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника супорида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0