Киҳо Шоири халқии Тоҷикистон шуданд?

Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе имрӯз се нафар унвони шоири халқии Тоҷикистон ва як нафар унвони нависандаи халқиро соҳиб шуданд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз унвону мукофотгирии 70 нафар намояндагони касбу кори гуногун хабар дода, номашонро зикр накардааст.

Абитуриент на вступительном экзамене, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати Вазорати маориф ба донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои Белорусу Украина дохил шудаанд

Бар асоси гузориши аксии нашркардаи дафтари матбуот ва иттилои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, бо унвони Шоири халқӣ Рустами Ваҳҳобзода, Алимуҳаммад Муродӣ ва Озар Салим қадрдонӣ шуданд. Шералӣ Мусо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон гирифтааст.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, 70 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, аз ҷониби президент бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон  сарфароз гаштаанд.

Таъкид шудааст, ки 1 нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 нафар унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 2 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 36 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0