Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи Ӯзбекистон боз мекунад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкКонтрольно-пропускной пункт на границе c Кыргызстаном
Контрольно-пропускной пункт  на границе c Кыргызстаном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯзбекистон ҳамчун кишвари 32-юм ба рӯйхати давлатҳои хориҷӣ дохил карда мешавад, ки дар он камшавии сирояти коронавирус ва ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ аз 1 сентябри соли 2020 ба назар мерасад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Аз 1 сентябр шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд бидуни маҳдудият ба Қирғизистон ташриф оранд. Ӯзбекистон ба сафи кишварҳое шомил мешавад, ки аз лиҳози хавфи паҳншавии коронавирус амнтар мебошад, хабар медиҳад Sputnik Кыргызстан.

"Мувофиқи тағирёбии вазъи эпидемиологӣ нисбати сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ин кишвар ба рӯйхати кишварҳои хориҷие, ки дар он камшавии сирояти коронавирус ва ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ аз 1 сентябри соли 2020 мушоҳида мешавад, ҳамчун кишвари 32-юм шомил карда мешавад", - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати тандурустии Қирғизистон.

Қаблан ситоди ҷумҳуриявӣ рӯйхати кишварҳоеро номбар карда буд, ки шаҳрвандонашон метавонанд ба Қирғизистон ворид шаванд. Инҳо шаҳрвандони Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Туркманистон, Белгия, Австрия, Британияи Кабир, Олмон, Ирландия, Исландия, Италия, Латвия, Литва, Лихтенштейн, Люксембург, Португалия, Туркия, Швейтсария, Шветсия, Қатар, АМА, ҶМЧ, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Словения, Кувайт ва Ҷопон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0