Даргузашти Мавлуда Обидова, ҳунарпешаи шинохтаи театру кино

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавлуда Обидова, ҳунарпешаи шинохтаи маъруфи театр ва синамои тоҷик, дар синни 71 солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар бораи даргузашти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳамкасбон ва ҳаводорони санъати ӯ хабар додаанд.

Ба иттилои манобеъ, ҳунарманди шинохта имрӯз 1 сентябр дар синни 71 солагӣ аз олам мегузарад.

Гуфта мешавад, намози ҷанозаи ӯ пеш аз асри имрӯз  дар шаҳри Конибодом баргузор шудааст.

Ҳунарманди шинохта 3 октябри соли 1948 ба дунё омада, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ нақшофарӣ мекард.

Ба навиштаи ҳаводоронаш, ӯ яке аз ҳунармандони ҳирфаӣ дар театри тоҷик буд, ки бо образу нақшҳои офаридааш дар дили ҳаводорони театр зуд роҳ меёфт

Лентаи хабарҳо
0