Ҳар рӯз 3-4 парвоз: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

CC BY 2.0 / Papas Dos / P4-SOM B739(ER) Somon Air DME UUDDСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ширкати “Сомон Эйр” дар 15 рӯзи аввали моҳи сентябр беш аз 50 парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистонро анҷом диҳад

ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 1 то 15 сентябри соли 2020 ҳудуди 52 парвози иловагии чартериро аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон анҷом хоҳад дод, изҳор дошт Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард. - Sputnik Тоҷикистон
"Мессии тоҷик" бо тимаш зидди “Тоттенхэм”-и Англия, шогирдони Моурино рақобат мекунад

Вазорат гуфт, шаҳрвандоне, ки ба Ватан бармегарданд бояд бо худ маълумотнома дар бораи сиҳатӣ аз COVID-19 дошта бошанд, ки на дертар аз 96 соат пеш аз омадан ба Тоҷикистон дода шудааст. Кӯдакони то сесола аз пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ озоданд.

Зикр шуд, феҳрасти шаҳрвандоне, ки метавонанд тариқи парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон баргарданд аз ҷониби комиссияи махсуси назди сафорат ва консулгариҳо тартиб дода мешавад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ба қишрҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, солхӯрдагон ва шаҳрвандоне, ки ба Русия ба сафари хидматӣ рафтаанд, авлавият дода мешавад.

Хоҳишмандони бозгашт ба Тоҷикистон метавонанд дархосташонро тариқи суроғаи charter-russia@mfa.tj равон кунанд.

Омодагии Душанбе барои оғози парвозҳо ва посухи Маскав

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зикр намудааст, ки ҷониби Русияро расман аз омодагӣ барои оғози парвозҳои мунтазам огоҳ кард. Ҷониби Русия посух додааст, ки санаи оғози парвозҳои мунтазам дар пайи машварати мақомоти ҳавопаймоии ду кишвар дақиқ хоҳад шуд.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз 1 то 15 сентябр парвозҳои зерин дар назар мебошанд:

  • - 1  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 1  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 1  сентябри 2020, Екатеринбург-Душанбе;
  • - 1  сентябри 2020, Казан-Душанбе;
  • - 2  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 2  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 2  сентябри 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 2  сентябри 2020, Краснодар-Душанбе;
  • - 3  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 3  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 3  сентябри 2020, Новосибирск-Душанбе;
  • - 4  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 4  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 4  сентябри 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 5  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 5  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 5  сентябри 2020, Иркутск-Душанбе;
  • - 6  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 6  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 6  сентябри 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 6  сентябри 2020, Екатеринбург-Душанбе;
  • - 7  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 7  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 7  сентябри 2020, Сургут-Душанбе;
  • - 7  сентябри 2020, Казан-Душанбе;
  • - 8  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 8  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 8  сентябри 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 9  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 9  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 9  сентябри 2020, Новосибирск-Душанбе;
  • - 10  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 10  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 10  сентябри 2020, Сочи-Душанбе;
  • - 10  сентябри 2020, Красноярск-Душанбе;
  • - 11  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 11  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 11  сентябри 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 12  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 12  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 12  сентябри 2020, Екатеринбург-Душанбе;
  • - 13  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 13  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 13  сентябри 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
  • - 13  сентябри 2020, Новосибирск-Душанбе;
  • - 14  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 14  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 14  сентябри 2020, Сургут-Душанбе;
  • - 14  сентябри 2020, Казань-Душанбе;
  • - 15  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 15  сентябри 2020, Маскав-Душанбе;
  • - 15  сентябри 2020, Санкт-Петербург-Душанбе.
Лентаи хабарҳо
0