Ҳолнома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии номзаде, ки гуфт, дар Душанбе метро месозад, агар...

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Социалистической партии Таджикистана Абдухалим Гаффоров
Председатель Социалистической партии Таджикистана Абдухалим Гаффоров  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров тавассути васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз қасди худ дар интихоботи президентӣ хабар дод

Аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон интихоботи президентии Тоҷикистон баргузор мешавад. Раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров нияти ширкат дар сабқати президентиро рӯзи 16 август эълон кард ва сипас, 22 август, дар анҷумани ғайринавбатии ҳизб, номзадии ӯ якдилона тасдиқ карда шуд.

Абдуҳалим Ғаффоров 24 декабри соли 1951 дар деҳаи Кулоли ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ: соли 1972 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии Душанбе ба номи И. Шевченкоро хатм кардааст.

Номбурда оиладор ва ҳафт фарзанд дорад.

Фаъолияти меҳнатии Абдуҳалим Ғаффоров

Пас аз хатми таҳсил дар донишгоҳ, соли 1972 ба ҳайси лаборанти калони шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор карда, сипас ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР рафтааст.

Пас аз артиш вай ҳамчун корманди кафедраи марксизм-ленинизм ва таърихи КПСС, тарҷумони калони заводи нуриҳои азот, корманди шӯъбаи педагогика ва психологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода кор кардааст.

Ӯ ҳамзамон дар вазифаҳои муовини якуми ректори Институти марказии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, мутахассиси пешбари шӯъбаи забонҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, декани факултети такмили ихтисоси кормандони донишгоҳи  ДМТ кор кардааст.

Ҳоло Ғаффоров ба ҳайси директори Институти такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад.

Карйераи сиёсии номзад ба президентӣ дар Тоҷикистон

Соли 1998 узви Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон шуд. Сипас, то соли 2004, раиси ташкилоти ҲСТ дар шаҳри Душанбе интихоб шуд.

Соли 2004 бошад дар анҷумани панҷуми ғайринавбатии Ҳизби сотсиалист вай раис интихоб гардид.

Инчунин, ӯ ду маротиба аст, ки (солҳои 2015-2020), ҳамчун вакили палатаи болоии парлумони Тоҷикистон интихоб карда мешавад.

Барномаи интихоботи Абдуҳалим Ғаффоров

Ғаффоров номзади ботаҷриба дар ин маърака буда,  вай аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон аллакай ду маротиба пешбарӣ шудааст.

Шиори номзад ба президентӣ: "Ҳақиқат вайроннашаванда аст!"

Ваъдаҳои пешазинтихоботии ӯ:

  • Поянда нигоҳ доштани сулҳ, ваҳдат, амнияти мардуми кишвар ва баланд бардоштани  сатҳи зиндагии ҳар як фарди он;
  • Истифодаи оқилона ва муассири захираҳои энергетикии кишварро, ки бояд боиси шукуфоии аҳолӣ гардад;
  • Фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар;
  • Зиёд кардани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ва илм дар Тоҷикистон, баланд бардоштани вазъи иҷтимоии омӯзгорон, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба манфиати саломатии шаҳрвандон;
  • Дастгирии ҳуқуқи занон ва модарони танҳо;
  • Аз ҳисоби корфармоён ҳамаи хизматчиёни давлатиро бо манзил таъмин намудан;
  • Сохтани метро дар Душанбе  ва ҳамзамон роҳҳо дар кишвар;
  • Беҳтар кардани қонуни манзил, то шаҳрвандони оддӣ дар ҳолати осебпазир қарор нагиранд.
Лентаи хабарҳо
0