Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар Тоҷикистон 11 генерал зиёд шуд: Раҳмон ба низомиён мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ супорид

© Пресс-служба Президента РТМаросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супорид

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими имрӯзаи мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, аз қабили генерал-полковники адлия, генерал-лейтенанти гвардия, генерал - майор, генерал-майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, генерал-майори милитсия, генерал - майори хадамоти гумрук ва ордену медалҳои Исмоили Сомонӣ дараҷаи III, Спитамен дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Тоҷикистон тақдим кард.

Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Президент ба вазири тандурустӣ ҷоиза дод

Гуфта шудааст, ки бо Фармони Президенти кишвар ба 13 нафар, аз ҷумла ба 1 нафар рутбаи махсуси генерал-полковники адлия, 1 нафар генерал-лейтенанти гвардия,4 нафар  генерал - майор, 1 нафар генерал-майори адлия, 2 нафар рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, 1 нафар генерал-майори милитсия, 3 нафар генерал - майори хадамоти гумрук супорида шуд.

Ҳамзамон бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ як гуруҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо ордену медал ва ифтихорномаи Тоҷикистон сарфароз карда шуданд.

“Аз ҷумла, 1 нафар бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи II, 18 нафар бо медали Ҷасорат, 25 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ бори дигар хизмати намунавӣ ва саҳми арзандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозонро дар роҳи таъмини амнияту суботи давлату миллат, дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ махсус таъкид намуд.

Дар охир Президенти изҳор доштааст, ки мукофотҳои олии Ватан, ки имрӯз супорида шуд, масъулияти хизматчиёни ҳарбиро бамаротиб зиёд мегардонанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала