Дуэйн Ҷонсон бо хонаводааш бар вируси корона пирӯз шуданд

CC BY-SA 2.0 / 惡龍~Stewart / Dwayne JohnsonАктер Дуэйн Джонсон во время интервью в Диснейленде
Актер Дуэйн Джонсон во время интервью в Диснейленде  - Sputnik Тоҷикистон
Бозигари машҳури нақшҳои экшн эълом кард, ҳам худ ва ҳам хонаводааш ба вируси корона мубтало шудаанд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дуэйн Ҷонсон, гӯштигири собиқ ва яке аз бозигароне, ки бештарин дастмуздро дар дунёи синамо дарёфт мекунад бо интишори видеое дар сафҳаи Инстогаромаш эълом кард, худаш, ҳамсараш ва ду духтараш бо вуҷуди риояти комили нукоти беҳдоштӣ ба Ковид 19 мубтало шудаанд, аммо акнун давраи бемориро пушти сар гузошта ва рӯ ба беҳбуданд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Актер Чедвик Боузман - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти қаҳрамони асосии филми "Черная пантера"

Ҷонсони 48 сола ва ҳамсари 35 солааш ду духтари чаҳор ва ду сола доранд ва ҳудуди 18 рӯз қабл ба вируси корона мубтало шудаанд.

Вай гуфтааст, бемориро аз дӯсти хеле наздики хонаводагишон гирифтанд, ки аслан намедонист мумкин аст, ноқили беморӣ бошад.

Ҷонсон гуфтааст, куруно бо захмҳо ё ҳатто шикастгиҳои устухон, ки то ба ҳол чандбор таҷриба карда бисёр мутафовит будааст.

 “Гиҷ мешавам вақте мебинам иддае, аз ҷумла бархе аз сиёсатмадорон мегӯянд, моск задан зарурат надорад ва ин корро сиёсӣ мекунанд», - гуфт вай.

Ҷонсон зимни тавсияи акид ба ҳамагон барои ниқоб задан, таъкид кардааст, ки ниқоб задан ҳеҷ рабте ба сиёсат надорад ва коре дуруст ва масъулона аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала