Раҳмон аз низомиён хост содиқона Ватан, давлат ва мардуми кишварро ҳимоят намоянд

Обуна шудан
Имрӯз, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ аз нақши низомиён кишвар дар ҳимояи давлат ва мардуми кишвар ёдрас шуд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, таъкид дошт, ки хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ вазифа ва рисолати муқаддаси худ - ҳимояи Ватан, давлат ва мардуми шарифи кишварро сарбаландона ва содиқона адо менамоянд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон 11 генерал зиёд шуд: Раҳмон ба низомиён мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ супорид

Раисҷумҳур афзуд, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни кишвар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозони содиқи Ватанро барои хизматҳои шоён дар назди давлату миллат қадрдонӣ менамоем.

Вазъ печида: Раҳмон гуфт, ба омодабошии ҷангӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад

“Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи мардуми созандаву бунёдкори тоҷик сол ба сол ободу зебо гардида, шароити зиндагии сокинони кишвар мунтазам беҳтар шуда истодааст”, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон президенти кишвар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро дар ин раванд бисёр назаррас ва арзишманд арзёбӣ кард.

Эмомалӣ таъкид дошт, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар хизмати содиқона ба халқу Ватан, яъне ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи қонунияту тартибот, ҳаёти осоиштаи мардум ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд.

Военный парад национальной гвардии Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Иштироки Раҳмон дар гузашти низомӣ бахшида ба 25-солагии Гвардияи миллӣ

Вай афзуд, хизмати низомиёни кишвар дар таҳкими суботу амнияти ҷомеа ва мустаҳкам намудани аркони давлатдории навини тоҷикон бисёр муҳим мебошад.

Вай ҳамчунин илова кард, ки аз 1 сентябри соли равон барои боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ музди меҳнати онҳо низ зиёд карда мешавад.

Дар охири суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ Ватан, давлат ва мардуми кишварро содиқона ҳимоят хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0