Тоҷикистон ба пеш: танкчиёни тоҷик дар даври ниҳоии "Биатлони танкӣ"

Дар майдони Алабинои вилояти Маскав даври ниҳоии сабқати "Биатлони танкӣ" ҷараён дорад. имрӯз Тоҷикистон бо чанд далати дигар ба рақобат мебарояд

Рӯзи 4 сентябр Тоҷикистон дар давраи ниҳоии сабқати "Биатлони танкӣ" бо се даста: Ветнам, Мянма ва Лаос ба рақобат медарояд.

АрМИ — 2020. Танковый биатлон. Индивидуальная гонка - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми аввали Тоҷикистон дар сабқати "Биатлони танкӣ" дар Маскав

Ногуфта намонад, ки дастаи низомиёни Тоҷикистон бо гирифтани ду мақоми аввал дар гурӯҳи 2, дар сабқати "Биатлони танкӣ" пирӯз шуда буд.

Ёдрас мешавем, ки давр даври аввал дастаи Тоҷикистон дуюм шуда ба марра расид, вале дар даври дуюм натиҷаи хуб нишон додаву аввалин шуда масофаро тай кард.

Имсол аз Тоҷикистон 4 экипажи танкӣ зери раҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ Маҳмадалӣ Ашуров дар озмуни "Биатлони танкӣ" ширкат меварзанд.

"Биатлони танкӣ" - дар доираи бозиҳои АРМИ - 2020 баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала