Афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна

Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар мақоми сеюм қарор дорад. Афзоиши аҳолӣ солҳои охир дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна сабт шудааст

Сераҳолитарин миёни кишварҳои Осиёи Миёна Ӯзбекистон мебошад, ки ба иттилои Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ ба ҳолати аввали соли 2020 дар ин ҷумҳурӣ 33,9 миллион нафар зиндагӣ мекарданд.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Харҷу дахли хазинаи мубориза бо коронавирус ба аҳолӣ ҳисобот дода мешавад

Дар Қазоқистон 18,6 миллион нафар, дар Тоҷикистон 9,3 миллион ва дар Қирғизистон 6,5 миллион нафар сабт шудаанд.

Қисми зиёди аҳолии кишварҳои минтақаро сокинони аз 15 то 65-сола ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол дар  Қирғизистон ва Қазоқистон занҳо нисбати мардон бештаранд, дар Тоҷикистону Ӯзбекистон баръакс теъдоди мардҳо зиёдтар мебошад.

Сатҳи поинтарини афзоиши аҳолӣ дар Қазоқистон ва аз ҳама баланд дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои Кумита, дарозумрӣ аз ҳама зиёд дар Қазоқистон ва аз ҳама кам дар Қирғизистон мебошад. Дар Тоҷикистон синни миёна барои занҳо 76,9 ва барои мардҳо  - 73,3-ро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала