Хавфи сироятёбӣ ба КОВИД-19 ҳаст: Амрико аз шаҳрвандонаш хост ба Тоҷикистон сафар накунанд

© AP / J. Scott Applewhite, FileЗдание Госдепартамента США в Вашингтоне
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Амрико аз шаҳрвандони хеш хост ба далели густариши вируси корона ва таҳдидҳои террористӣ ба Тоҷикистон сафар накунанд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Амрико, ки ахиран мунташир шуд аз шаҳрвандони амрикоӣ дархост шуда, ки ба далели густариши вируси корона ва эҳтимоли вуқуъи ҳамалоти террористӣ ба ҷуз мавридҳои изтирорӣ, аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Флаг США, Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш: агар Тоҷикистонро тарк карданӣ бошед, шитобед

Ин баёния бар мабнои гузориши маркази пешгирии бемориҳои Амрико таҳия шуда, ки Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои дорои риски боло барои олуда шудан ба КОВИД-19 қарор додааст.

Ҳамчунин аз шаҳрвандони амрикоии дорои алоими бемориҳои музмин хоста шуда, ки сафари хеш ба Тоҷикистонро ба замони дигар мукул кунанд.

Дар бахш дигаре аз баёнияи Вазорати умури хориҷаи Амрико таъкид шудааст, ки террористҳо мумкин аст ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ ҳамла кунанд, ки эҳтимоли ин иттифоқ дар ресторанҳо, бошгоҳҳо, мактабҳо ва минтақаҳои тафреҳии бештар мебошад.

Зоҳиран ин ишора ба ҳамлаи террористӣ ба гурӯҳе аз гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара вилояти Хатлон аст, ки рӯзи 29 июли соли 2018 рух дод.

Аз чаҳор куштаи ин ҳодиса, ки гурӯҳи такфирии ДОИШ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт ду нафар амрикоӣ буданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала