“Сомон Эйр”: барои расонидани донишҷӯёни тоҷик ба Беларус парвози махсус сурат мегирад

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-TAJ, Boeing 737-93Y ERСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз парвози чартерӣ дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе эълон кард

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба маълумоти ҳамагон мерасонад, ки 10-уми сентябри соли равон бо хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе парвози чартерӣ анҷом медиҳад.

Российский вертолет Ми-8АМТ - Sputnik Тоҷикистон
"Сомон Эйр" чархболи русии Ми-8-ро хариду дар масири Душанбе-ВМКБ-Душанбе санҷид

“Шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла “Сомон Эйр”, ки дар донишгоҳҳои Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки барои вуруд ё транзит ба қаламрави Беларус ҳуҷҷатҳои зарурӣ доранд, имкон доранд бо хастайри мазкур аз Душанбе ба Минск сафар намоянд”, - қайд кардааст ширкати “Сомон Эйр”  дар саҳифаи Facebook.

Гуфта мешавад, вақти парвоз аз Душанбе 03:00, аз Минск - 07:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Барои парвоз аз Минск ба Душанбе шаҳрвандони хоҳишманди Тоҷикистон метавонанд барои сабти ном ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Беларус ва Украина муроҷиат намоянд.

“Ба диққати мусофироне, ки ба Беларус сафар доранд, мерасонем, ки ҳама шаҳрвандони аз Тоҷикистон ба Беларус воридшаванда, новобаста аз мансубияти миллиашон, аз гӯшанишинии 14-рӯза озоданд. Бо худ доштани маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19, ки ду рӯз пеш аз вуруд ба Беларус пешниҳод шудааст, ҳатмӣ набуда тавсия дода мешавад. Маълумоти навтаринро дар бораи чораҳои пешгирии паҳншавии COVID-19 дар сомонаи Вазорати тандурустии Беларус пайдо кардан мумкин аст. Маълумот дар бораи чораҳои пешгирикунанда дар Фурудгоҳи Миллии Минск дар сомонаи фурудгоҳ дастрас аст", - зикр намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки мусофирони хатсайрҳои чартерии ба Тоҷикистон огоҳ карда мешаванд, ки тибқи талабот мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Сомон Эйр" барои овардани донишҷӯёни тоҷик ба Минск мепарад

“Мувофиқи дастури Вазорати тандурустии, ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (PCR) гирифта шудааст ва давоми 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд”, - қайд шудааст дар маълумои манбаъ.

Дар сурати доштани маълумотномаи гирифтор набудан ба коронавирус (COVID-19) шаҳрвандони кишвар ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон аз санҷиши ҳатмӣ ва карантин озод карда мешаванд.

Зимнан зикр шудааст, ки барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ метавон ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат кард.

Лентаи хабарҳо
0