"Пуламро бурам гуфтам”: чӣ гуна бозии букмекерӣ Ҷӯраевро қарздору ҷинояткор кард?-видео

© Sputnik / Стас ЭтвешКошелек с деньгами, архивное фото
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Равшан Ҷӯраев, сокини 25-солаи ноҳияи Спитамен хабар дод, ки бо қаллобӣ аз мардум пул гирифта, дар идораҳои букмекерӣ бой медодааст

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, алайҳи Ҷӯраев 7 ариза ворид шудааст, ки бар асоси онҳо муттаҳам аз ҷабрдидагон бо ҳар роҳ аз 700 то 24 ҳазор сомонӣ гирифта, барнагардондааст.

Манбаъ афзуд, Ҷӯраев Равшан қаблан низ барои қаллобӣ суд шуда, ҷаримабандӣ гардидааст, аммо дубора боз ба ҷиноят даст задаст.

ВУД таъкид намуд, ки муттаҳам дар 7 ҳолат аз шиносу дӯстонаш, сокинони деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо ҳар баҳона, барои додани замин, ҳал кардани мушкил ва гоҳо ҳамчун қарз маблағ гирифтааст.

Ҷӯраев дар гузориши нашркардаи ВУД изҳор медорад, ки маблағҳои бадастовардаашро дар идораҳои букмекерӣ харҷ мекардааст.

“Як бор бозӣ карда, пуламро бурам гуфта, боз бозӣ карда, бозӣ карда бой додам. Қарздор шудам”, - изҳор дошт муттаҳам.

Ба иттилои ВУД, феълан Ҷӯраев дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала