Тоҷикистон ҳамла ба Амрулло Солеҳ, ноиби президенти Афғонистонро шадидан маҳкум кард

© Sputnik / JAKМесто покушения на вице-президента Афганистана в Кабуле
Место покушения на вице-президента Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамла ба ноиби аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ изҳор расман изҳорот дод

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тоҷикистон сӯиқасд ба ҷони муовини аввали президенти Афғонистон Амрулло Солеҳро маҳкум кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамла ба Амрулло Солеҳ, ноиби президенти Афғонистон дар Кобул: ду тан ҳалок шуд

Дар изҳорот гуфта мешавад: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали нангини террористиро, ки субҳи 9 сентябри 2020 дар Кобул бар зидди Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сурат гирифта, дар натиҷаи он шуморе аз мардум ҷон бохтанд ва захмӣ шудаанд, шадидан маҳкум менамояд”.

Дар идомаи изҳорот ҳукумат ба, пайвандону наздикони қурбониёни амали террористӣ таъзия баён намуда, ба захмиён шифои комил орзу намудааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳамеша дар паҳлӯи Афғонистон буда, хоҳони барқарорсозии сулҳу оромии пойдор дар кишвари ҳамҷавор аст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи гузашта дар майдони Таймани Кобул сӯиқасд ба ҷони муовини аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сурат гирифт.

Тибқи иттилои расмӣ, бомба дар роҳи қатори мошинҳои Солеҳ таркид, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ, муовини аввали президенти Афғонистон аз дасташ осеб дид ва инчунин 12 нафар куштаву тақрибан 10 шаҳрванд, аз ҷумла чанд муҳофизи Солеҳ маҷрӯҳ шуданд.

 Ҷунбиши радикалии Толибон (дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ) бегуноҳии худро дар ин ҳодиса эълом кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала