Дар сарашон селофан кашидааст: ВКД куштори чор писари хурдсол аз сӯи модарашонро шарҳ дод

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи куштори чор фарзанди ноболиғ аз суи модарашон дар ноҳияи Кӯшониёнро расан шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодисаи куштор рӯзи 9-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 13:00 сар задааст.

Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қатли чор писари хурдсол аз сӯи модарашон дар Хатлон: худаш ба пулис хабар додааст

Ба иттилои манбаъ, зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии махсус фарзандони ноболиғи 9, 8, 6 ва 1-солаи худро куштааст.

Манбаъ мегӯяд, модар фарзандонро пай дар пай бо роҳи бастани дастону пойҳояшон ва дар сарашон пӯшонидани селофан бӯғи карда, ба ҳалокат расонидааст.
ВУД мегӯяд, нисбати номбурда бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта як манобеи Sputnik  Тоҷикистон аз РВКД-и вилояти Хатлон гуфт, Назокатхон Тоирова, модаре, ки фарзандонашро кушт, пас аз ҳодиса худаш ба пулис таслим шуд.

Як манбаи дигар низ аз Кумитаи занони ноҳияи Кӯшониён ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо наздикон ва хешовандони Назокатхон Тоирова мулоқот кардаанд ва ин оила ба наздикӣ ба ин ноҳия омадааст.

"Мо бо наздикон ва ҳамсояҳои ӯ суҳбат кардем, гуфтанд, ки ягон масъалаҳои оилавӣ надоштанд. Ин хонавода қаблан дар Бохтар зиндагӣ мекарданд ва тули се чор моҳ аст, ки ба минтақаи мо омаданд", афзуд манбаъ.

Манбаъ гуфт, модар ҳамчун бемори руҳӣ дар қайди табибон қарор доштааст.

 

Лентаи хабарҳо
0