Чаро Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои алайҳи Белорусияро манъ кард?

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкФлаг Евросоюза
Флаг Евросоюза - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Bloomberg дар бораи манъ кардани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупоиро зидди Белорусия хабар дод. Владимир Лепехин, мудири генералии Институти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, дар пахши радиои Sputnik вазъро аз нуқтаи назари худ шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи маълумоти нашрия, давлати баҳримиёназаминӣ бо чораҳои пешниҳодкардаи алайҳи Белорусия розӣ нашуд. Ва кӯшиш кард ба рӯйхатҳои таҳримии ИА ҳафт ширкатҳои туркиро дарорад, ки дар корҳои пармакунии истихроҷи гази табиӣ дар дохили минтақаи иқтисодии Кипр иштирок карданд.

Встреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Лукашенко занг зад: дар бораи вазъи Белорус чӣ гуфт?
Барои қабул кардани таҳримҳои зидди Белорусия розигии тамоми 27 давлати узви Иттиҳоди Аврупо зарур аст.

Владимир Лепехин, мудири генералии Институти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, дар пахши радиои Sputnik гуфт, ки мавқеи ягона нисбати таҳримҳо дар ИА нест.

"Мо дида истодаем, ки ду давлати бузурги аврупоӣ — Фаронса ва Олмон — кайҳо мавқеи худро дигар карданд, онҳо дар эълон кардани таҳримҳои  иқтисодиро тамоман манфиатдор нестанд. Яъне дар Аврупо ихтилоф мавҷуд аст. Ҳама ҳодисаҳои Белорусия аз тарафи Полша, Литва, бо дастгирии Бритониёи Кабир ва фондҳои гуногуни Амрико — на Вашингтону Қасри Сафед, балки демократҳои амрикоӣ, тарафдорони (Ҷорҷ) Сорос ва ғайра ташкил мекунанд. Онҳое, ки дар Белорусия эътироз доранд, таҳримҳои зидди ҳам Русия, ҳам Белорусияро пеш мебаранд, аммо тарафдории комил надоранд. "Бозӣ" рафта истодааст. Ягонагии пештара ва мақсади эълон кардани таҳримотҳои иловагӣ нест. Чаро "инқилоб"-и Белорусия имконияти идома ёфтанро надорад? Чунки тарафдорони ашаддии сарнагун кардани (президенти Белорусия Александр) Лукашенко, аз ҷумла сиёсатшиносони Полша ва Литва, акнун дастгирии бисёри давлатҳои Аврупоро надоранд. Инқилоб барор нагирифт, кӯшиш ба марҳалаи муқовимаи шадид бесамар шудааст, Русия ба Белоруссия ёрии худро ваъда дод. Ҳамаи инро дар Ғарб мефаҳманд", — гуфт Владимир Лепехин.

Лукашенко назди Путин меояд: сафари роҳбари Белорус ба Маскав

Қаблан ИА эълон кард, ки интихоботи президентии Белорусияро одилона ва бошарафона ҳисоб намекунад ва натиҷаҳояшро эътироф намекунад. Ва ғайр аз ин, роҳбарони ИА дар бораи ҷорӣ кардани таҳримотҳои шахсӣ нисбат ба Минск аз пушти истифодаи зуроварӣ зидди эътирозкунандагон ва чӣ тавре дар ИА ҳисоб мекунанд, аз пушти сохтакории интихобот аҳду паймон кардаанд. Манъи вуруд ба дохили давлатҳои худ барои 30 мансабдорони Белорусия Эстония, Латвия ва Литва аллакай ҷорӣ карданд.

Тибқи гуфтаи намояндаи хадамоти матбуоти Комиссияи Аврупо ва умури сиёсати хориҷии ИА Петер Стано, Иттиҳоди Аврупо кори худро аз болои рӯйхати одамоне, ки зидди онҳо таҳримот аз пушти вазъият дар Белорусия ҷорӣ карда мешаванд, идома медиҳад.

Таркиш ва бераҳмӣ: воқеъияти тазоҳуроти Белорус - гузориши аксӣ

Лентаи хабарҳо
0