Раҳмон боварӣ дорад, ки сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст

Имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ зимни суханрониаш дар Қасри фарҳанг таъкид дошт, ки имрӯзҳо сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле беҳтар гардидааст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш қайд кардааст, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ ба ҷумҳурӣ имкон дод, ки ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.

Флаг Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Мастчоҳ низ майдони Парчами миллии 50-метра ифтитоҳ шуд

“Ба шарофати истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мардуми Тоҷикистон дар шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошта, имрӯз Ватани азизамонро хеле ободу пешрафта гардонидаанд ва ба хотири фардои боз ҳам ободтар сарҷамъона заҳмат кашида истодаанд”, - афзуд раисҷумҳур.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, хусусан, дар зарфи солҳои охир рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таъмин гардид.

Раисҷумҳур хусусан қайд кард, ки имрӯзҳо сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст.

“Рушди устувори иқтисоди миллӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла фарҳанг ва бунёду азнавсозии иншооти соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала