Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

ВУД Тоҷикистон рад кард: мақсади кормандони милитсия ҷаримаву озор додани мардум нест

© © Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции проверяют температуру у посетителей рынка
Сотрудники милиции проверяют температуру у посетителей рынка - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид дошт, ки кормандони милитсия ба хотири надоштани ниқоб дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар сокинонро ҷарима намекунанд, балки баракс миёни сокинон корҳои профилактикӣ мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Нусратуллоҳ Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ҷарима шудани беш аз 2600 шаҳрванди Тоҷикистон барои надоштани ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумии кишварро рад кард.

Люди на улице в Душанбе в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
“Маска” надорӣ? Душанбе набиё! – тасмими нави шаҳрдории Душанбе

Ба гуфтаи вай, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба кормандони милитсия дастур додааст, ки бо мардум хушмуомила бошанду миёни мардум аз хатари бемории КОВИД-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб: корҳои фаҳмондадиҳии милисаҳо дар Душанбе

“Мақсади мо ҷаримаи мардум нест. Мақсад мо ин корҳои профилактикӣ аст, ки мардум аз ин беморӣ огоҳ бошанд ва худро ҳифз намоянд”, - таъкид дошт Нусратуллоҳ Маҳмадзода.

Ҳамзамон вай бо таъкид гуфт, ки мақсади кормандони ВКД ҷаримаву озор додани мардум нест.

Вай афзуд ба ҳар як корманди милитсия дастур дода шуда буд, ки бо мардум суҳбатҳо гузаронанаду ниқоб тақсим кунанд.

Рейд УМВД в столице - Sputnik Тоҷикистон
"Рейд"-и ВКД аз сокинони бениқоб то мусофиркашҳои пур: дар нақлиёти серодам нашинед

“Дастур дода шуда буд, ки миёни мардум дар бораи КОВИД-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем. Мо дар нишасти матбуоти гуфта будем, ки кормандони милитсияи кишвар вайрон кардани қоидаҳои беҳдошти аз сӯи сокинонро мушоҳида мекунанд аммо мо кушиш мекунем мардумро озор надиҳем. Мо танҳо миёни мардум корҳои профилактикӣ анҷом медиҳем”, - зикр кард сухангӯи расмии ВУД Тоҷикистон  Нусратуллоҳ Маҳмадзода.

Бояд гуфт, ки бар асоси ислоҳияи воридшуда ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон мизони ҷаримаи афроди бидуни ниқоб дар васоили ҳамлу нақли умумӣ, бозорҳо ва марокизи тиҷорӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо ва идороти давлатӣ аз 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.

Ҳамчунин қонуни ёдшуда барои омилони интишори КОВИД-19 аз ду то панҷ сол зиндон ва дар сурати такрори ин тахаллуф аз панҷ то 10 сол зиндонро дар назар дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала