“Бисёр вазнин мешавад”: Раҳмон мақсади сафарҳояш дар даври "короно"-ро гуфт-видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадафи сафарҳояш ба шаҳру навоҳии кишвар, ки дар замони хуруҷи коронавирус сурат мегиранд, шарҳ дода, аз фарорасии марҳилаи вазнин ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ гуфт, дар дунё соли бисёр вазнин омадааст ва тирамоҳу зимистон боз мушкилтар мешавад.

Ҳушдори Раҳмон аз тирамоҳу зимистони вазнин-видео

“Ҳадафи мо ҳамин аст, ки заминҳои обиро самаранок истифода бурдан даркор. Як сабаби омаданам ҳам ҳамин аст. Дар дунё соли бисёр вазнин. Тирамоҳу зимистон боз вазнин мешавад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ аз нарасидану камчин шудани маводи озуқаворӣ ҳушдор дода, бо ишора ба вазъи феълӣ дар ҷаҳон таъкид кард, ки истеҳсолот нест, ҳатто маҳсулоти парваридаро одаме нест, ки ҷамъоварӣ кунад.

“Ҳозир ҳам вақт ҳаст, тайёриро бинед, маҳсулоту сабзавот ҳаст, захира кунед. Ина падару бобоҳои мову шумо мекарданд”, - таъкид кард Раҳмон.

Феълан сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала