Марди маст дар Панҷакент аз дасти ҷавони 18 - сола 7 ҳазор сомонӣ тасарруф кард

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксРуки в наручниках
Руки в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони милитсияи дар шаҳри Панҷакент марзи 23 - соларо боздоштнамуданд, ки дар ғоратгарӣ муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Дар Панҷакент кормандони милитсия марди 23 - соларо боздошт намуданд, ки дар ҳолати мастӣ аз дасти ҷавони 18 - сола маблағи калон тасарруф намудааст.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Зиндон ислоҳ накард: зани 27-сола боз барои ғоратгарӣ дастгир шуд

Бар хабари дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 4 - уми августи соли ҷорӣ, тахминан соати 22:30 дақиқа рух додааст.

Ғоратгарӣ дар рӯзи равшан: сокини Ваҳдат ҳамёни духтари 24 - соларо рабуда ғайб зад

Сокини 23 - солаи шаҳри Панҷакент дар ҳолати сархушӣ, назди варзишгоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 29, бо роҳи зӯроварӣ аз дасти ҷавони 18 - сола, 7 190 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

ВУД Тоҷикистон меафзояд, гумонбаршуда феълан дастгир шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала