Бадахшонро заминларза такон дод: маркази заминҷунбӣ 19 километр дуртар аз Хоруғ буд

Пойгоҳҳои байналмилалии зилзиласанҷӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминҷунбии 4,4 - баллиро сабт намуданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тоҷикистонро заминҷунбӣ такон дод ва маркази он дар ВМКБ сабт гардидааст, хабар медиҳад Хадамоти ягонаи геофизикии Академияи илмҳои Русия.

Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод

Ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ ба 4,4 бал баробар буда, он дар умқи 110 километр сар задаааст. Гуфта мешавад, маркази заминҷунбӣ ҳамагӣ 19 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ буд.

Бар тибқи маълумоти мавҷуда, заминҷунбӣ соати 02:31 дақиқа рух додааст. Алъон маълумот дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар даст нест.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хисорот ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад

Ёдовар мешавем, санаи 10 - уми сентябр низ дар ВМКБ заминҷунбӣ ба амал омад ва ларзиши замин то Ӯзбекистони ҳамсоя низ эҳсос мешуд.

Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон танҳо давоми моҳи ҷорӣ: рӯзҳои 1,8,10,17,  4 маротиба замин ҷунбид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала